Теҳрон: Иштироки Зулфия Абдусаматзода дар чорабинии сатҳи баланди “Саломатӣ ва оила”

Теҳрон: Иштироки Зулфия Абдусаматзода дар чорабинии сатҳи баланди “Саломатӣ ва оила”
Феврал 16
08:23 2024

Рӯзҳои 11-15-уми феврали соли равон дар  шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзӯи “Саломатӣ ва оила” чорабинии сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ва директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии солимии репродуктивӣ” Саидова О.Ҳ. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронии хеш дар ин чорабинии сатҳи баланд Зулфия Абдусаматзода иброз дошт, ки масъалаи ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар рӯзномаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ, аз қабили “Созишнома дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак” (1993с.), “Созишнома дар бораи бартараф намудани ҳамаи намудҳои зӯроварӣ нисбат ба занон” дар мамлакат эътироф карда шудаанд.

Масъалаи мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила, ошкор намудан ва бартарафсозии ин падидаи номатлуби ҷамъиятӣ, ҳамзамон ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин самт, бахусус ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои занону кӯдакон, мустаҳкам намудани пояҳои оилаву оиладорӣ дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, дар самти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  кишвар як қатор корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд.

Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои модар ва кӯдак ба ҳифзи саломатӣ дар самти хизматрасонӣ ба модарон ва кӯдакон дар кишвар як қатор муассисаҳои махсусгардонидашуда, аз ҷумла МД “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”, МД “Маркази миллии солимии репродуктивӣ”, “Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона”, МД “Маркази ҷумҳуриявии саломатии руҳии кӯдакон ва наврасон”, МД “Маркази барқарорсозии саломатии кӯдакон” ва МД “Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ” таъсис дода шудаанд.

Инчунин, бо мақсади саривақт майян кардани кӯдакон бо нуқсонҳои инкишоф, пешгирии маъюбӣ ва бо барномаҳои тавонбахшӣ фаро гирифтани кӯдакон бо нуқсонҳои инкишоф ва баланд бардоштани донишу малакаи волидайн оид ба нигоҳубини кӯдакон дар сохтори марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 10 адад шуъбаҳои дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак фаъолият доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 126
  • 854
  • 917,643