“Тезонидани амалҳои зарурӣ барои баланд бардоштани дастрасӣ ба об, санитария ва гигиена дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон”

“Тезонидани амалҳои зарурӣ барои баланд бардоштани дастрасӣ ба об, санитария ва гигиена дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон”
Феврал 28
15:21 2024

Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Тезонидани амалҳои зарурӣ барои баланд бардоштани дастрасӣ ба об, санитария ва гигиена дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон” ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, шарикон оид ба рушд, сардорони як қатор раёсат ва шӯъбаҳои зерсохтори вазорат ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, айни замон Ҷумҳурии  Тоҷикистон  яке аз кишварҳои фаъол ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба дастрасӣ ба об, санитария ва гигиена дар арсаи ҷаҳон ба шумор рафта, ҷомеаи ҷаҳониро баҳри рафъи мушкилоту камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта даъват менамояд.

Бояд гуфт, ки об ва санитария афзалияти глобалии рушд, шарти ҷомеаи устувор, одилона ва шукуфон дар саросари ҷаҳон, шаҳодати уҳдадориҳои глобалӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди устувор мебошанд.

Дар идома як қатор иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯи мазкур баромад карда, ба иштирокчиёни ҷаласа маълумоти муҳиму зарурӣ пешниҳод намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 269
  • 638
  • 861,520