ХАБАРИ ХУШ: Тоҷикистон соҳиби сертификати “Кишвари аз вараҷа озод” гардид

ХАБАРИ ХУШ: Тоҷикистон соҳиби сертификати “Кишвари аз вараҷа озод” гардид
Март 29
15:45 2023

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, аз ҷумла бемории вараҷа (табларза, малярия)  ба як қатор комёбиҳо ноил гарадидааст. Дар заминаи амалисозии барномаҳои миллӣ ва нақшаҳои стратегӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вараҷа дар ҷумҳурӣ аз соли 2015 инҷониб ҳодисаҳои маҳаллии  бемории вараҷа ба қайд гирифта нашудааст.

Нишондоди мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ, инчунин “Ҳисоботи миллӣ оид ба маҳви вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳаҷми 148 саҳифа аз руи талаботи СУТ барои ноил шудан ба Сертификати “Кишвари аз вараҷа озод” омода намуда, ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дархост пешниҳод намояд.

Дар робита ба ин масъала, аз 17 то 26 октябри соли 2022 Комиссияи байналмилалӣ дар ҳайати коршиносони СУТ, профессорон: Педро Алонса (Испания), Фред Бинка (Ганна), инчунин намояндаи Бюрои минтақавии Аврупогии СУТ Сияо Ҳонг Ли (Чин) ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳайати Комиссияи байналмилалӣ аз Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ”, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, МД “Беморхонаи шаҳрии клиникии беморҳои сироятии шаҳри Душанбе” ва инчунин аз марказҳои мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ ва муассисаҳои марбутаи табобатию профилактикии шаҳри Кулоб, ноҳияҳои Дарвоз, Ш. Шоҳин, Ваҳдат ва МНДСЭ-и ноҳияи Восеъ боздид намуда, ба ҳуҷҷатҳои зарурӣ шинос шуданд ва фаъолияти онҳоро ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вараҷа дар давоми 10 соли охир баҳогузорӣ намуданд.

Аз руи натиҷаи санҷиш ва баҳогузории комиссияи мазкур ба номи директори генералии СУТ маълумотнома пешниҳод гардид. Дар асоси хулосаи пешниҳодгардида оид ба корҳои анҷомдода дар самти маҳви бемории вараҷаи маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи 24 марти соли равон аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сертификати “Кишвари аз вараҷа озод” тақдим  карда шуд.

Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба феҳристи 42 давлате шомил гардид, ки бар зидди бемории вараҷа пирӯз шудааст.

(Акс аз манбаъҳои боз)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜன    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
26272829  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 428
  • 1,242
  • 817,709