Тоҷикистон ва Туркия: Ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбанд

Тоҷикистон ва Туркия: Ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбанд
Декабр 08
15:51 2021

Имрӯз, 8 декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл мулоқот намуд.

Нахуст вазири тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода таассуроти худро аз иштирок дар Конференсияи рақамӣ ва Намоишгоҳи ЕВРАЗИЯ-21, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия доир гардид, иброз дошта, барои даъват ва пазироӣ бори дигар ба ҷониби кишвари Туркия изҳори миннатдорӣ намуд.

Тавре зикр гардид, ҳамкориҳои вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Туркия дар доираи созишномаи соҳавӣ аз соли 1996 оғоз гардида, имрӯз дар марҳилаи рушд қарор доранд.

Гуфта шуд, ки аз ҷониби кишвари Туркия дар доираи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва васеъ намудани имкониятҳои дастгирӣ, баимзорасонии созишномаи нави байниҳукуматӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб, бо таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои  тандурустии ҷамъиятӣ ва пандемияи COVID-19 пешниҳод карда шудааст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалисозии онҳо ҳавасмандии хешро иброз менамояд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба омӯзонидани мутахассисони тоҷик аз рӯи ихтисосҳои ҷарроҳии эндоскопӣ ва тандурустии чамъиятӣ бо таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои вирусология, микробиологӣ ва эпидемиология  ба тариқи давраҳои омӯзишӣ-амалӣ дар шаҳрҳои Туркия, инчунин табодули таҷрибаи табибони ду кишвар дар соҳаи дорусозӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба ҷонибҳо ҳавасмандии хешр иброз  доштанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 731
  • 1,151
  • 886,107