ТУТ соли 2020-ро Соли байналмилалии кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ эълон намуд

ТУТ соли 2020-ро Соли байналмилалии кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ эълон намуд
Феврал 17
08:12 2020

Бахшида ба 200-солагии асосгузори кори ҳамширагӣ Флоренс Найтингейл Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 2020 – ро Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ эълон намуд.

Мақсад аз иқдоми мазкур бори дигар аз нақши ҳамшираҳои тиббӣ ва момодояҳо дар нигаҳдории солимии аҳолии ҷаҳон хотиррасон гардонидани ҷомеа мебошад. Бояд гуфт, ки аллакай Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ вобаста ба масъалаи мазкур ба роҳбарони давлатҳои ҷаҳон оид ба масъалаи норасогии кормандони миёнаи тиб дар соҳаи тандурустии ҷаҳон  мактуб ирсол намудааст.

Бо мақсади шиносоӣ аз фаъолият ва баррасии нақша-чорабиниҳои Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бахшида ба ин сана  роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева ба муассисаи мазкур ташриф овард.

Зимни вохурӣ роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева бо роҳбарияти коллеҷ оид ба нақши ҳамшираҳои тиббӣ ва момодояҳо дар нигаҳдории солимии аҳолӣ, ташфиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ташхису пешгирии саривақтии бемориҳо изҳори андеша намуд. Ҳамчунин, дар вохурӣ нақшаи ягонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ пешниҳод гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки дар нақшаи мазкур чорабиниҳои зиёд, аз ҷумла ифтитоҳи бинои нави асосии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ», ташкил ва баргузор намудани конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ доир ба мавзӯи «Нақши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва истифодабарии технологияи муосир дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ», таҳияи “Энсиклопедияи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»” бахшида ба 85 солагии он, ташкил ва баргузор намудани олимпиадаи фаннӣ байни донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил ва баргузор намудани спартакиадаи варзишӣ байни донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин намудани иштироки мутахассисони кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ дар курсҳои такмили ихтисос, семинарҳо ва конфронсҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, таҳия ва нашри маҷаллаи ҷумҳуриявии «Ҳамшираи тиб ва момодоя» ва дигар чорабиниҳо дар назар дошта шудааст.

Роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева аз дастовардҳои Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар ҷодаи омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, аз ҷумла ҳамшираҳои тиббӣ ва момодояҳо изҳорӣ хушнудӣ намуда, инчунин, иброз намуд, ки ӯ омодааст дар амалишавии нақша-чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ саҳми хешро гузорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 227
  • 1,263
  • 841,976