Ҳуқуқу шараф, саломатии пиронсолон бояд дар шароити пандемияи COVID-19 ҳифз карда шаванд

Ҳуқуқу шараф, саломатии пиронсолон  бояд дар шароити пандемияи COVID-19 ҳифз карда шаванд
Октябр 30
08:50 2020

Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахўрон ва маъюбони шаҳри Душанбе яке аз арзишмандтарин муассисаҳоест, ки фаъолияти он ҷиҳати ғамхории пиронсолону барҷомондагон равона шудааст.

Айни замон дар Марказ 100 нафар истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ, аз он ҷумла 25 нафар бошандагон дар будубоши муваққатӣ ва 75 нафар дар хизматрасонии рўзона, бо хизмати иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд.

Ба истифодабарандагон се вақт хўроки гарм, ҳафтае 2 маротиба қабули ҳаммом ва сартарош, шустушўи либосҳои бошандагони статсионарӣ хизматрасонӣ карда мешаванд. Ҳамзамон аз ҷониби кормандони иҷтимоии шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ ба 30 нафар истифодабарандагони рўзона-пиронсолони барҷомондаву бепарастор хўроки гарм дастрас карда шуданд. Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Марказ бо толори ҳусни “Чеҳра”, ҳунаромўзон ба бошандагон ба таври ройгон хизмат мерасонанд.

Бошандагони будубоши муваққатӣ ва истифодабарандагони хизмати рӯзона таҳти назорати доимии кормандони тиб қарор дошта,  ба онҳо кӯмаки аввалини тиббӣ расонида мешаванд. Инчунин ҳангоми зарурат ташхис ва муоинаи тиббии истифодабарандагони муассиса низ гузаронида мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки барои шахсони имконияташон маҳдуд роҳравҳои махсус, таҳҷизотҳои ҳаракаткунанда, аробачаҳои маъюбӣ, асоҳо ва асобағалҳо мавҷуданд. Бошандагоне, ки ниёз ба табобат доранд  дар Маркази клиникии бемориҳои урологӣ, бемориҳои асаб, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ, МТ ШҶТ ба номи академик Ш. Тоҷиев, МШЁТТ, Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шафқат, МТШ-2, МСШ №6, МСШ №13, Беморхонаи сироятӣ, БШБС, ШПҲШ, ҶДММ “Беҳдоштӣ”, ташхис ва бистарӣ карда мешаванд. Вобаста ба ҳолати ҷисмонӣ дар Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ зимни муоинаву ташхис гуруҳҳои маъюбӣ таъин карда мешаванд.

Дар ин давра ташхис ва муоинаи тиббӣ, табобат, барқарорсозии саломатӣ 145 маротиба гузаронида шуда, бо таъини гуруҳи маъюбӣ – 8 нафар, (гуруҳи 1- ба 1 нафар, гуруҳи 2- ба 4 нафар, гуруҳи 3- ба 3 нафар) фаро гирифта шуданд.

Пушида нест, ки дар давраи пандемия дар саросари Аврупо, аз Испания то Сербия, хонаҳои пиронсолон  ба макони сирояти вируси  COVID-19 табдил ёфтаанд. Мувофиқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, нисфи ҳодисаҳои фавт аз сирояти коронавирус дар Аврупо миёни  бошандагони  муассисаҳои нигоҳубини дарозмуддат рост меояд.

Умуман, пандемия ба  одамони пиронсол таъсири хеле бад мерасонад. Онҳо хатари зиёдшавии бемории вазнини COVID-19-ро доранд ва тақрибан 95%-и фавт дар байни одамони синнашон аз 60-сола боло ба назар мерасад. Ин яке аз сабабҳоест, ки чаро Аврупо, минтақае, ки дорои  аҳолии куҳансолтарин  дар ҷаҳон аст, пандемияро бо чунин оқибатҳои шадид дар ҳудуди худ дида истодааст. Пиронсолон на танҳо ба буҳрони саломатӣ дучор мешаванд, балки канораҷӯӣ аз якдигар онҳоро ба дигар мушкилот чун  маҳрум шудан аз парасторон ва хизматрасониҳои зарурӣ  меоварад.

Одатан,  шахсони фаромӯшшудаи куҳансол, ки  дар хонаҳои пиронсолон будубош мекунанд, ба ин беморӣ аз ҳама бештар осебпазир мебошанд. Аз ин рӯ аз ҷониби мутахассисони Хадамоти назорати санитарию эпидемиологӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе бошандагону истифодабарандагон аз ташхиси бемории коронавруси СOVID-19  гузаронида шуда, ҷиҳати пешгириву ғамхории онҳо мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Барои истифодаи бошандагон гўшаи гиёҳдармонӣ ташкил карда шуда, ҳамарӯза нўшобаҳои гуногуни дармонбахш барои истеъмол омода карда мешаванд.

Бо мақсади иҷрои супориши Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати эмину солим нигоҳ доштани қисмати осебпазири аҳолӣ, бошандагони хонаҳои пиронсолону маъюбон, гузаронидан ва тақвияти корҳои санитарию дезинфексионӣ, дар асоси мактуби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муайян намудани фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар давраи сирояти коронавирус СOVID-19 ба аҳолии кишвар аз 01.05.2020 сол, №49  аз санаи  24-уми  апрели соли 2020 хизматрасонии иҷтимоӣ нисбати истифодабарандагони  хизматҳо (рӯзона) дар ҷои зист қарор дода шудааст.

Вазъи саломатии бошандагони будубоши муваққатӣ ҳамарӯза зери назорати доимии кормандони тибби муассиса қарор дода шуда, дар давоми рӯз 3 маротиба ҳарорати бадани бошандагон ва кормандон санҷида дар дафтари махсус қайд карда мешаванд. Ниқобҳои муҳофизатии тиббии бошандагон ва кормандон тибқи муқаррарот истифода мешаванд. Ҳар рӯз пеш аз наҳорӣ бо бошандагон машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида шуда, мунтазам рахти хоби бошандагон иваз карда мешавад. Утоқи физиотерапевтӣ барои ҳолатҳои зарурӣ омода гардидааст. Кормандон ба гурӯҳҳо ҷудо карда шуда, ҳар як гурӯҳ муддати 14 рӯз бо риояи пурраи низоми карантинӣ фаъолият менамоянд. Хизматрасонӣ ба тариқи фосилавӣ ба роҳ монда шудааст.

Намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, стансияи шаҳрии дезинфексионӣ оиди  пешгирии интиқол ва паҳншавии  бемории коронавирус, бо мақсади шиносоӣ бо вазъи санитарӣ ва рафти корҳои безараргардонӣ ташриф оварданд.

Бо супориши Раиси шаҳри Душанбе аз тарафи муассисаи давлатии стансияи шаҳрии дезинфексионӣ дар марказ корҳои дезинфексионӣ ва безараргардонӣ гузаронида шуданд.

Аз тарафи ҶДММ “Фавз” саҳн, роҳравҳо, дохили биноҳо, утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои истиқоматӣ, ошхона, маҷмуи шустушӯии муассиса бо маҳлули алмадез ва гипохлорид пурра дезинфексия карда шуданд.

Бо ташаббуси Иттиҳодияи табибони ҷавони назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо созмони “Салиби сурх ва Ҳилоли Аҳмар” корҳои безараргардонии саҳн ва дохили ҳамаи биноҳои марказ гузаронида шуданд.

Роҳбарияти марказ дар ҷамъомади Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус” иштирок намуд.

Дар мавзӯҳои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус, пурзӯр намудани чораҳои фаврии зиддиэпидемикӣ, корҳои безараргардонӣ, риояи қоидаҳои санитарӣ, тозагии муассиса, директори марказ Зарипова М. М., духтури муолиҷавӣ Худойдодова З. Р. дар назди бошандагон ва истифодабарандагон  мунтазам баромад менамоянд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. ба марказ ташриф оварда, бо рафти хизматрасони иҷтимоӣ ба бошандагони будубоши муваққатӣ дар давраи пешгирии бемории коронавируси СOVID-19 шинос гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи нақшаи фаъолияти Марказ мониторинги омӯзиши шароити зисти бошандагон ва истифодабарандагон хизмати иҷтимоӣ бо иштироки кормандони иҷтимоӣ, намояндагон аз АДҲИА, шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, нозирони минтақавии ШКД гузаронида шуданд.

Ҷиҳати фароғат ва истироҳати бошандагон низ дар Марказ тадбирҳои ҷолиб андешида шудаанд. Чунончӣ, мунтазам пурра намудани фонди китобхона бо китобҳои тозанашр, гузаронидани маҳфилҳои “Гулдўзӣ”, “Мусиқӣ”, “Ба худ ёрӣ расон”, “Рассомӣ”, “Шоҳмот”, “Гуфтугў”- якҷоя бо Маркази геронтологии Тоҷикистон, “Гулпарварӣ”, сехҳои кафшергарӣ ва қаннодӣ ва ғайра мебошанд. Баҳри фароғати истифодабарандагон тамошои дастаҷамъонаи намоишҳои телевизионӣ ташкил карда мешаванд. Дар Марказ тавассути дастгоҳи мусиқӣ баҳри болида сохтани табъи бошандагон ва баланд бардоштани руҳияи кормандон оҳангҳои руҳнавоз ва сурудҳои ватандўстӣ пайваста пахш карда мешаванд. Оид ба ҳаёти Марказ дар шабакаи интернетии Фейсбук бо номи “Хонаи меҳр” мунтазам маводҳо гузошта мешаванд.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 32
  • 579
  • 862,512