Ваҳати миллӣ – асоси дастовардҳои соҳаи тандурустӣ

Июн 23
11:05 2017

Имрӯзҳо вобаста ба таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ нақшу манзалати ин санаи тақдирсоз барои дигаргун сохатани тақдири  миллати тоҷик дар саргаҳи таваҷҷӯҳ ва натиҷагирӣ қарор гирифтааст.

Маврид ба таъкид аст, ки Ваҳдати миллӣ ба соҳаҳои  муҳими кишвар пешравиҳои куллӣ ворид намуд, ки соҳаи тандурустии мамалкат аз он дар канор намондааст.  Агарчи таи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ маҳз бо таъсири бевоситаи бадхоҳони дохилию хориҷӣ Тоҷикистон  ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда,боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашт, вале бо сиёсати хирадмандонаи давлату ҳукумат ва ҷомеаи тоҷик соли 1997 ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима ёфт ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Ин рӯз, яъне Ваҳати миллӣ, ки  барои халқи тоҷик умед ба фардои некро вонамуд сохта ба тақдири ояндаи ин миллат шуълаи дурахшандаеро ба миён гузошт ва чун дигар соҳаҳои муҳими зиндагӣ ба пешрафти соҳаи тибби кишвар низ такони ҷиддиро ба миён овард.

Азбаски дастоварҳои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои баъд аз комёб гардидан ба Ваҳдати миллӣ бениҳоят зиёд аст, сомонаи расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон moh.tj баҳри хонанда дар якчанд бахш дастовардҳои соҳаи тандурустиро таи 20 соли Ваҳдати миллӣ пешкаши хонанда менамояд.

Дастовардҳои соҳаи тибби вилояти Бахадшон дар даврони 20-соли Ваҳдати миллӣ

Рушди соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ, яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  Ҳамин аст, ки бо  мақсади вусъат додани соҳа ва ноил гардидан ба дастовардҳои нав ба нав   як қатор барномаҳои соҳавӣ таҳия гардида дар заминаи он  комёбиҳои зиёд ба даст омадааст. Имрӯзҳо соҳаи тандурустии кишвар ҷавобгу ба талаботи давр маҳсуб меёбад. Дар қатори дигар минтақаҳои гуногуни кишвар соҳаи тандурустӣ дар ВМКБ низ зери таваҷҷӯҳи роҳбарияти давлату ҳукумат қарор гирифта,  дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба соҳаи тандурустии ВМКБ низ тағироти куллӣ ба назар мерасад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар гардонидани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, солимгардонии аҳолӣ, барномаҳои дарозмуҳлат ва миёна мӯҳлати пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи маризонро таҳия ва дар ҳоли иҷроиш қарор додаст.

Гузаштан ба низоми нави хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла тиббӣ оилавӣ яке аз барномаҳои муваффақи рӯи даст гирифта ҳукумати кишвар дониста шуда, дар ин самт пешравиҳои зиёд ба назар мерасад.

Вобаста ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба тасвиб расидани  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон  «Дар бораи тасдиқ намудани сохтори ташкили муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ – санитарӣ» яке аз дастовардҳои дигари соҳа аст.

Дар доираи амалисозии  қарори мазкур раванди тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ дар қаламрави вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон низ  рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва ба ҳолати ҳозир аз тарафи Маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ 69 нафар табибони оилавӣ ва 214 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ тайёр намудааст.

Дар давраи  амалӣ гардидани қарори мазкур зиёда аз 80 фисади муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию – санитарӣ  аз таъмири асосӣ ва баъзе муассисаҳои аз нав сохта шуда, ба истифода дода шуданд.

Баҳри татбиқи консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар вилоят Маркази вилоятии тибби оилавӣ ташкил карда шуда, аз соли 2008 барои вусъат бахшидан ба ҷараёни тайёр намудани табибони «Тибби оилавӣ» ба Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилоят табдил дода шуд.

Ҳамзамон вобаста ба   иҷрои  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди тибби оилавӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2011-2015»  аз ҷониби  Раёсати тандурустии вилоят  баҳри дар амал татбиқшудани қарори мазкур корҳои муайяне  ба сомон расонида шудааст.

Дар доираи амалисозии қарори мазкур раванди тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ дар қаламрави вилоят рӯ ба афзоиш ниҳода баҳолати ҳозир аз тарафи Маркази таълимию клиникӣ  тиббӣ оилавӣ 63(36%)нафар табибони оилавӣ ва 263 (75%)ҳамшираҳои тиббӣ оилавӣ тайёр карда шудааст.

Таъмини муасисаҳои соҳавӣ бо муттахасисони ботаҷриба яке аз иқдомоти роҳбарияти давлату ҳакумати кишвар ва дар заминаи он беҳтару хубтар бароҳ мондани сатҳи хизматрасонии соҳаи тиб  дониста шудааст. Бо ҳамин мақсад чун дигар вилоятҳои мамлакат таваҷҷӯҳ дар ин самт ба вилояти Бадахшон низ зоҳир гардида тибқи таҳлилҳо агар дар соли 2005 талабот ба кадрҳои тиббӣ дар вилоят 158 нафарро ташкил дода бошад, дар соли 2009 ин шумора ба 140 нафар, дар соли 2010 ва соли 2011 талабот ба 123 нафар ва ба ҳолати моҳи январи соли 2017 ин нишондиҳанда ба 87 нафар баробар гардид.

Тибқи квотаи президентӣ таҳсил намудани ҷавондухтарон ва писарон аз ҷамоатҳои деҳотҳои дурдаст дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат мебошад, ки мақсади асосии он таъмин намудани муассисаҳои табобатию профилактикӣ бо кадрҳои баландихтисоси тиббӣ аз минтақаҳои дурдасти вилоят мебошад.

Вобаста ба ҷараёни тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ аз шаҳр ва ноҳияҳои вилоят дар Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино  айни ҳол 267 нафар донишҷӯ таҳсил карда истодаанд, ки аз онҳо 129 нафар аз ҳисоби буҷаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, 55 нафар бо тариқи  шартномавӣ ва 72 нафарашон тибқи квотаи Президентӣ таҳсилро идома дода истодаанд.

Раёсати тандурустии вилоят баҳри амалӣ гардонидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодааст. Беҳтар гардидани базаи моддии – техникии муассисаҳои шифоиву пешгирии вилоят, таъминот бо мутахассисон ва кормандони миёнаи тиббӣ, даровардани таъғирот дар сохтори соҳаи тандурустӣ, ҷудо намудани шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ- санитарӣ аз бахши бистаринамоӣ(госпиталӣ), равона намудани зиёда аз 60 фисади маблағҳои соҳаи тандурустӣ барои муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ. Татбиқи Барномаҳои соҳавӣ боиси баланд гардидани сатҳ  ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дониста мешавад.

Агар дар соли 2006 ба аҳолии вилоят дар 246 муассисаҳои табобатию – профилактикӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонида шуда бошад, имрӯз адади муассисаҳои шифоиву пешгирӣ дар вилоят ба 347 баробар гардидааст.

Аз муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ- санитарӣ марказҳои саломатии деҳотӣ аз 24 адад ба 34 адад, бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳотҳо аз 149 адад ба 162 адад расонида шуданд. Дар ин муддат 8 адад муассисаҳои тиббии фаъолияти хусусӣ дошта дар вилоят ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Фаъолият намудани Марказӣ бемориҳои дил ва рагҳои хунгард дар шаҳри Хоруғ, ки соли 2006 сохта ба истифода дода шудааст яке аз дастовардҳои соҳа дониста мешавад.Инчунин, дар давраи мазкур Маркази саломатии ноҳияи Ванҷ сохта ба истифода дода шудааст, ки имрӯз бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Дар ин мӯҳлат аз тарафи Хадамоти тандурустии Хазинаи Оғо Хон оид ба тандурустӣ бо маблағгузории оҷонсии Шветсария ва Канада оид ба рушд  21 нуқтаи кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ дар ноҳияи Рушон, 7- адад  муассисаҳои дар ноҳияи Ишкошим ва Марказҳои  саломатии ин ноҳияҳо  аз таъмири  асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ  ва сумкаҳои  тибби оилавӣ  таъмин гардиданд ва баъд аз бозомузии  мутахассисон оиди модули тибби оилавӣ  дар ин ноҳияҳо  тибби оилавӣ ҷорӣ гардид. Инчунин дигар барои  бозомузӣ  ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи тандурустии вилоят  дар Донишгоҳи  баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар хориҷи  кишвар  аз тарафи Хадамоти тандурустии Хазинаи Оғо- Хон  маблағи 1 млн.802 ҳаз. 637 сомонӣ ҷудо гардида зиёда аз 120 нафар  мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ ва зиёда аз 250 нафар ҳамшираҳои тиббӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд.

Бо дастгирии Барномаи Рушди деҳот дар минтақаҳои марзии Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамчун лоиҳаҳои афзалиятёфта таъмири асосии шӯъбаи бемориҳои узвҳои ҳозимаи беморхонаи ноҳиявии Рушон ба анҷом расонида шуда, инчунин дигар барои таъмири шӯъбаи таваллуд ва навзодони беморхонаи марказӣ аз тарафи Вазорати  тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон таъмир  карда шуда мавриди истифода қарор дорад. Инчунин бо дастгирии бевоситаи Барномаи Рушди деҳот дар минтақаҳои марзии Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Внукути ноҳияи Ишкошим, сохтмони маркази саломатии деҳаи Ҷорфи ноҳияи Дарвоз, сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Гишхун  ва  сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Возм ба анҷом расонида шуд.

Беҳтар гардидани базаи моддӣ – техникии муассисаҳои шифоиву пешгирии вилоят, таъминот бо мутахассисон ва кормандони миёнаи тиббӣ, даровардани таъғирот дар сохтори соҳаи тандурустӣ, татбиқи амалии Барномаҳои соҳавӣ боиси баланд гардидани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ гардидаанд.

Дар соҳаи тандурустии вилоят инчунин сохтмон ва азнавсозиҳои иншоотҳои сохтимонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Сохтмони Беморхонаи вилоятии сил барои 47 кати хоб бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Глобалӣ ба анҷом расонида шуда, бо таҷҳизотҳои ҳозиразамони тиббӣ далел ба гуфтаҳои болост.

Инчунин дар даврони истиқлолият  як қатор  иншоотҳои нави замонавии тиббӣ ба истифода дода шуданд.

Инчунин дар ин давра Маркази минтақавии ташхисии Беморхонаи вилоятӣ ба фаъолият шуруъ намуда, дастгоҳҳои замонавии муосири тиббӣ; компютери томографӣ, мамограф, дастгоҳҳои замонавии даруннигарӣ,  васл гардиданд.

Соли 2014 сохтмони таваллудхонаи вилоятӣ аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои Ҳукуматии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расонида шуда бо таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ ва корӣ ҷиҳозонида шудааст.

Бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва созмонҳои байналхалқӣ (ғайридавлатӣ), сохтмон, таъмир ва азнавсозии муассисаҳои табобатию-профилактикии вилоят барои соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуд.

Дар соли 2017 иншоотҳои  калони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла сохтмони беморхонаи бемориҳои руҳӣ  дар ноҳияи Роштқалъа бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,беморхонаи ноҳиявӣ  дар шаҳраки Ваҳдати  ноҳияи Шуғнон идома ёфта истодааст.

Ҳамзамон, сохтмони бинои коллеҷи тиббӣ дар маҳаллаи Бар – Хоруғ шуруъ гардида, корҳои лоҳиакашӣ ба анҷом расонида шудааст.

Аз тарафи  Хадамоти тандурустии Хазинаи Оғо – Хон  барои ҷараён бахшидан  ба амалисозии модули тибби оилавӣ  дар вилоят нақшаи чорабиниҳои мушахас оиди таъмир ва азнавсозии як қатор муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии  вилоят ба нақша  гирифта шудааст. Аз ҷумла таъмир ва азнавсозии 2 Маркази саломатӣ ва 4 бунгоҳи саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ, 4 адад  бунгоҳи саломатӣ дар ноҳияи Дарвоз дар назар дошта шудааст, ки бо асбобу анҷомҳои зарурии корӣ ва тиббӣ  таъмин гардонида мешаванд.Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи рентгени рақамӣ барои  Беморхонаи марказии ноҳияи Рушон, дастгоҳи сайёри рентгенӣ  барои Беморхонаи минтақавии ҷамоати Сағирдашт  ва  Беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб  дастрас гардонида шуданд. Инчунин  барои  беморхонаи вилоятӣ дастгоҳи  гемодиализ  дастрас гардонида шуда,  мутахассис  барои  гузаронидани амалиёти диализ дар Маркази миллии тиббии шаҳри Душанбе омӯзонида  шуд.

Маврид ба зикр аст, ки бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ тибби кишвар ба дастовард ва комёбиҳои беназир ноил гардидааст. Сомонаи расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон moh.tj  ҷиҳати гирд овардани муваффақиятҳои соҳаи тибби ВМКБ дар ин бахш  мухтасаран маълумот пешниҳод намуда, таи рӯзҳои наздик аз дастовардҳои вилояҳои Суғду Хатлон ва пойтахти кишвар шаҳри Душанбе муфассал маълумот пешниҳод менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 223
  • 1,263
  • 841,972