Ваҳдат: Бинои нави Беморхонаи минтақавии рақами 3 ба истифода дода шуд

Ваҳдат: Бинои нави Беморхонаи минтақавии рақами 3 ба истифода дода шуд
Сентябр 14
10:56 2023
Дар доираи таҷлил аз ҷашни бузурги миллӣ- 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароит ва имконоти мусоид баҳри ташхис ва табобати шаҳрвандон имрӯз, 13 сентябри соли равон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихони Ҷамшед, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва намояндагони ташкилоти хайриявии “Тоҷикистон” бинои нави Беморхонаи минтақавии рақами 3-и ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд.
 Масъулин зимни суханронӣ дар назди кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ваҳдат ифтитоҳи иншооти нави тандурустиро дар дурдасттарин ҷамоати деҳоти шаҳри мазкур идомаи мантиқии таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ арзёбӣ намуда, кормандони соҳа ва сокинони ҷамоати мазкурро ба ин руйдоди фараҳбахш табрик ва муборакбод намуданд.
Иншооти нави тандурустӣ аз 2 ошёна иборат буда, корҳои сохтмонии он соли 2022 оғоз гардида буд ва хушбахтона, имрӯз он бо тарҳи замонавӣ бунёд ва бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ таъмин гардида, дар фазои тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Шӯъбаи таваллуди беморхонаи навбунёд дорои 10 кати хоби бистаринамоӣ мебошад, ки дар маҷмӯъ иншооти нави тандурустӣ ба аҳолии беш аз 40 ҳазор нафараи ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат хизмат хоҳад расонид.
Дар беморхонаи мазкур ҳамзамон маҷмӯаи ҷарроҳӣ, маҷмӯи стоматологӣ, дастгоҳи рентгени рақами, УЗӢ, таҳлилгоҳ ва дар умум лавозимот ва таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонида шудааст.
Аз кормандони беморхонави навбунёд даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароити муҳайёгардида бо дасту дили пок баҳри таъмини солимии аҳолӣ аз пештара бештар кӯшиш ва талош намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 360
  • 956
  • 913,060