Август 22
10:31
2023
Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ имрӯзҳо азнавсозӣ, сохтмон ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бомаром идома дорад.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими ба истифода додани бунгоҳи тиббӣ Сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумшурии Тоҷикистон Бандаев Илҳомҷон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва кормандони соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.
Бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сафедорак аз ҷониби соҳибкор сохта шуда, он дорои ҳуҷраҳои қабули беморон, табиби оилавӣ, ташхиси занон, хатна ва доругузаронӣ мебошад.
Ҳамзамон, гуфтан ба маврид аст, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистон Бунгоҳи тиббӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Ин иқдоми соҳибкор дар пайрави ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.