“Вазъи хизматрасонии геронтологӣ ва масъалаҳои маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо»

“Вазъи хизматрасонии геронтологӣ ва масъалаҳои маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо»
Октябр 27
10:32 2021

Имрӯз, 27 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи: «Вазъи хизматрасонии геронтологӣ ва масъалаҳои маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо»  ба тариқи омехта (ҳузурӣ ва маҷозӣ) баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрзода Гулбаҳор, муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур яке аз омилҳои муҳим ва василаи арзишманд баҳри таҷаммуи фикру андеша ва хулосаҳои илман асосноки иштирокчиёни он ба шумор рафта, дар марҳилаи нави раванди ислоҳоти соҳа дар самти таъмини рушди устувори сиёсати иҷтимоии давлат ва амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар, ба хусус дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ  гардид.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, доир ба «Вазъи хизматрасонии геронтологӣ ва масъалаҳои маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо»  мухтасар баромад намуд. Инчунин, бо сухани ифтитоҳи шарикони рушд  низ суханронӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки раванди пиршавии демографӣ дар тӯли даҳсолаҳои охир, вобаста ба тақдири ҳар як инсон, хусусияти умумиинсонӣ пайдо карда, боиси тағйирёбии сохтори аҳолӣ дар рӯи замин гардидааст, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон як қатор мушкилоти ҷиддиро ба вуҷуд овард. Аз рӯи маълумотҳои коршиносони Созмони Милали Муттаҳид дар асри ХХ давомнокии умри аҳолии ҷаҳон 20 сол афзоиш ёфта, тибқи пешгӯиҳо, интизор меравад, ки то соли 2050 умри мардум то 10 соли дигар афзоиш ёфта, беш аз 2 миллиард нафар пиронсолон дар рӯи замин зиндагӣ хоҳанд кард. Натиҷаи ин раванд чунин хоҳад буд, ки бори аввал дар таърихи инсоният шумораи пиронсолон (аҳолии аз 60-сола боло) ба шумораи одамони синни 15 -сола баробар хоҳад шуд.

Нишондиҳандаҳои демографии пиршавии аҳолии ҷаҳонро коршиносони СММ “инқилоби ором” меноманд, ки оқибатҳои фарогир ва пешгӯинашаванда дорад. Бо дарназардошти суръати пиршавии аҳолӣ дар ҷаҳон ва мушкилоти ҷиддии ба миён омада, дар соли 2002 Нақшаи байналмилалии амали Мадрид оид ба пиршавӣ таҳия ва ба сарони давлатҳои аъзои СММ пешниҳод карда шуд. Мутобиқи қарори қабулгардида, ҳама кишварҳое, ки узви СММ ҳастанд, бояд тибқи муқаррароти Нақшаи амали Мадрид ҳар 5 сол дар бораи кор бо шахсони солхӯрда гузориши кишварҳоро пешниҳод мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар равандҳои пиршавии аҳолӣ истисно набуда, оқибатҳои ин “инқилоби ором” ба мо низ таъсири худро хоҳанд расонид. Бинобар ин, пиршавии аҳолӣ дар Тоҷикистон, ки бо афзоиши давомнокии умр алоқаманд аст, як далели собит аст, ки борҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид карда шудааст. Бори аввал маълумот дар бораи пиршавии аҳолӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз солҳои 2013 ва 2015 мутаносибан   қайд карда шуд, ки дар он давомнокии миёнаи умри аҳолӣ аз 68,2 сол дар соли 2000-ум то 72,5 сол дар соли 2011 афзоиш ёфтааст. Дар соли 2015 давомнокии миёнаи умр ба 74,3 сол расид, ки нисбат ба соли 2000-ум 5 сол зиёд аст. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2018 қайд гардид, ки давомнокии миёнаи умр нисбат ба соли 2000 (ки он замон 68,2 сол буд) ба 75 сол баробар буда, дар ин давра 6,6 сол афзоиш ёфтааст. Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2030 шумораи одамони синнашон аз 60 сола боло беш аз 11,5% аҳолии ҷумҳуриро ташкил хоҳад дод, ки ин метавонад мушкилоти муайянеро ба миён оварда,  ҳалли фавриро талаб мекунанд.

Дар ин раванд масъалаҳои таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони пиронсол, таъмини дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои давлатӣ ва пеш аз ҳама ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беш аз пеш муҳимияти хоса пайдо намуда, бояд дар радифи афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода шаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳам овардани шароити мусоид ва имкониятҳои баробар барои ҳама тавассути беҳтар намудани вазъи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолон, аз ҷумла хизматрасонии тиббию иҷтимоии онҳо, муайян намудани роҳҳо ва усулҳои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои афзалиятноки давлат, ки дар “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” муайян карда шудаанд, тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави пешгирии мушкилоти интизоршавандаи ҷараёни пиршавӣ, дар доираи иҷроиши Нақшаи амали Мадрид (“Нақшаи байналмиллалии амалҳо оид ба масъалаҳои пиршавӣ”) ва ҳадафҳои стратегии кишвар ҳамасола чорабиниҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 пиронсолон ба гурӯҳи алоҳидаи иҷтимоӣ ҷудо гардида, чунин самтҳои асосии кор бо онҳо пешбинӣ гардидаанд:

-рушди системаи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони калонсол тавассути баланд бардоштани сифат ва мавҷудияти хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон;

-ҷорӣ намудани стандартҳои ҳадди ақали хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба пиронсолон;

-ташкил ва ҷорӣ намудани хадамоти хизматрасонии геронтологӣ, ки хизматрасониҳои тиббӣ ва дигар хизматрасониҳои махсуси соҳавӣ ба пиронсолонро таъмин менамояд.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор нафар пиронсолон зиндагӣ мекунанд, ки қариб 6,0% шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод шахсони аз 80 – сола боло зиёда аз 56 000 нафар мебошанд, ки 11,2%-ро аз шумораи умумии пиронсолон ташкил намудааст. Шахсони солими 60-69-сола бошанд, 20,1%, ва шахсони 70- сола ва аз он боло 16%-ро ташкил намуданд ва ин категория  ба хизматрасонии тиббӣ, тиббӣ-психологӣ ва  иҷтимоӣ – тиббӣ бештар эҳтиёҷ доранд.

Бояд қайд кард, ки давомнокии умр ҳангоми таваллуд то 1 январи соли 2020 -75,1 сол буда, барои мардон 73,5 ва барои занон 76,8 солро ташкил додааст. Ҳамзамон, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давомнокии умри аҳолии деҳот нисбат ба аҳолии шаҳрҳо 5,2 фоиз зиёд буда, 76,1 сол, аз ҷумла барои мардон 74,6 сол ва барои занон 77,7 солро ташкил медиҳад. Ин равандро метавон бо боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва тадриҷан афзоиш ёфтани имконоти молиявӣ ва моддӣ шарҳ дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 834
  • 1,168
  • 841,320