Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон баррасӣ гардид

Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон баррасӣ гардид
Май 05
16:31 2021

5 майи соли равон дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода вобаста ба таҳлил ва баррасии хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷаласаи корӣ доир гардид.

Зимни ҷаласа масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва пешгирии фавти модарон ва кӯдакон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолият дар ин самт аз ҷониби муовини вазир Зулфия Абдусаматзода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бояд гуфт, ки ҳифзи саломатии модарону кӯдакон самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин самт давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат як  қатор ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ, аз қабили «Созишнома дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» (с.1993), «Созишнома дар бораи бартараф намудани ҳамаи намудҳои зӯроварӣ нисбат ба занон» эътироф карда шудаанд.

Баҳри паст намудани беморшавӣ  ва фавти кӯдакон ва расидан ба Ҳадафҳои  Рушди Устувор  дар соҳаи ҳифзи хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон масъалаҳои афзалиятноки соҳа ин беҳтар намудани  хизматрасониҳои тиббӣ ба занҳои ҳомила, навзодон, кӯдакон, ғизои солим, иммунизатсия, солимгардонии кӯдакони маъюб ва саломатии наврасон боқӣ мемонанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки давоми солҳои охир дар кишвар якчанд усулҳои нави инноватсионии табобати кӯдакон, аз ҷумла ҷарроҳии нуқсонҳои модарзодии дил, ҷарроҳии тармими ҷоғу рӯй, табобати бемориҳои саратони кӯдакона, нейроҷарроҳии кӯдакона, ҷарроҳии бемориҳои ортопедӣ, алалхусус бемории фалаҷ ба роҳ монда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 328
  • 1,103
  • 947,066