Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода вобаста ба таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббии муассисисаҳои ҷумҳуриявӣ ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарияти марказҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур вазъи бистаринамоӣ, фавти беморхонавӣ, ҷарроҳӣ дар беморхона, аворизи баъди ҷарроҳӣ, фавти баъди ҷарроҳӣ дар муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба роҳбарияти муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.