Имрӯз, 15 марти соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти хизматрасонии тиббӣ ва ҷараёни корҳои таъмирии беморхонаҳои марказии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав боздид ба амал овард.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар як қатор шӯъбаҳои беморхонаҳои мазкур корҳои таъмирӣ ҷараён доранд.
Аснои боздид вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, сабзу хуррамгардонии назди беморхонаҳо, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, дар ҷараёни сафари корӣ ва боздид аз беморхонаҳои мазкур Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор беморон суҳбати озод анҷом дода, доир ба рафти хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.
Маврид ба зикр аст, ки мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар, таҳлил ва баррасии масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа ва дар ин замина боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.