Бо назардошти он, ки “штамми британиягӣ”-и бемории коронавирус дар як қатор кишварҳои олам ба қайд гирифта шудааст, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати пешгирӣ аз интиқоли ин навъи сироят ба мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Бо ин мақсад имрӯз, 2 феврали соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳрурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо нуқтаи гирифтани ташхиси бемории коронавируси нави COVID-19-и фурудгоҳи мазкур шинос гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар нуқтаи гирифтани ташхиси бемории коронавирус дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҷиҳати муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19, махсусан, “штамми британиягӣ”-и коронавирус тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст, ки табибон дар он ба таври шабонарӯзӣ фаъолият бурда истодаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар дигар фурудгоҳҳои кишвар низ чунин нуқтаҳои гирифтани ташхиси бемории коронавирус фаъолият намуда истодаанд, ки ҳар ҳар нафаре аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мегардад, аз муоинаи табибон гузаронида мешавад.
Ҳамзамон, дар гузаргоҳҳои сарҳадии кишвар низ нуқтаҳои гирифтани ташхиси бемории коронавирус ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд, ки ҳар нафари ба Тоҷикистон воридшуда аз ташхис гузаронида мешаванд.
Бо вуҷуди он, ки аз оғози моҳи январи соли равон дар кишвар бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута дар самти пешгирӣ ва табобати бемории мазкур тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохта истодааст.