Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Ноябр 03
17:49 2020

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло дигарбора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин   карда шуд.

Маросими муаррифи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯз,  3 ноябри соли равон  зимни баргузории як ҷамъомад дар маҷлисгоҳи вазорат  доир гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок намуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба дигарбора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло  қироат намуда,  ба фаъолияти минбаъдаи эшон барору комёбӣ орзу намуд.

Дар навбати худ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло барои бори дигар ба ин вазифаи пурмасъулият таъин гардиданаш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ  ба аҳолии кишвар минбаъд низ тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳад сохт.

Номбурда дар идомаи суханронии хеш иброз намуд, ки дар ин рӯзҳои душвор, ки пандемияи COVID-19  ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин мушкилот истисно нест, кулли кормандони соҳаи тандурустии кишвар ҳар лаҳза дастгирӣ ва пуштибонии Сарвари давлатро ҷиҳати мубориза бо ин беморӣ эҳсос менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 майи соли 2020  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида буд. Баъди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли равон доир гардид, номбурда аз 3 ноябр дигарбора ҳамчун аъзои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 129
  • 854
  • 917,646