Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон: «Умедворем дар соли 2021 коронавирусро аз байн мебарем»

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон: «Умедворем дар соли 2021 коронавирусро аз байн мебарем»
Декабр 31
13:47 2020

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошт, ки сироятёбӣ ба COVID-19 метавонад дар соли оянда коҳиш ёфта, аллакай аввали тобистон  аз байн бурда шавад. Ягона шарти зарурӣ барои расидан ба чунин сенарияи некбинона —  ин ноил шудан ба идорашавандагии пандемия мебошад.

«Фикр мекунам, пас аз таҷлили Соли нав сирояти коронавирус дар мо зиёд нахоҳад шуд, баръакс, коҳиш меёбад», — гуфт ӯ. Ба гуфтаи ӯ, ба ин метавонад чораҳои пешгирикунандаи вирус, ки аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус андешида шудаанд, мусоидат кунанд. «Арчаҳои солинавӣ, чорабиниҳои корпоративию иҷтимоӣ, парвозҳои мунтазам бекор карда,    чораҳои эҳтиётӣ дар муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва ғайра таҳким бахшида шудаанд, — афзуд вазир.-  Дар саросари ҷумҳурӣ гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ аҳолиро дар бораи зарурияти  риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, қоидаҳои истеъмоли ғизо ва пешбурди тарзи ҳаёти солим огоҳ мекунанд».

Ҷ. Абдуллозода изҳори умед кард, ки истифодаи ваксина низ имкон фароҳам меорад, ки вазъи COVID-19 дар кишвар ба таври назаррас беҳтар гардад. Ӯ ёдовар шуд, ки Тоҷикистон ба механизми байналмилалии COVAX, ки ҳадафи он дар асоси баробарӣ таъмин намудани ҳамаи кишварҳо бо ваксинаҳои коронавирус аст, шомил гардид. Тақсими аввалин ваксинаҳо дар доираи механизми байналмилалии COVAX то нимаи соли 2021 оғоз мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜன    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 724
  • 831
  • 719,090