Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз рафти таъмири шӯъбаҳои эҳё ва наҷоти Маркази тиббии шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе дидан намуд

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз рафти таъмири шӯъбаҳои эҳё ва наҷоти Маркази тиббии шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе дидан намуд
Январ 25
17:30 2021

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз  рафти фаъолияти  Маркази тиббии шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе ва ҷараёни корҳои таъмирии шӯъбаҳои эҳё ва наҷоти маркази мазкур  дидан намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни ҳол дигар шӯъбаҳои маркази мазкур пас аз таъмир  ва ҷиҳозонидан бо таҷҳизоти муосир фаъолият намуда истодаанд ва корҳои таъмирӣ дар шӯъбаҳои эҳё ва наҷоти он бомаром идома доранд.

Аснои боздид аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои таъмирӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки пас аз таъмир  шӯъбаҳои мазкур бо таҷҳизоти муосир таъмин карда хоҳанд шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 683
  • 1,103
  • 947,421