Дар асоси озмун ба раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ аз рўи мансабҳои зерин ба кор қабул карда мешаванд:
Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:
– сармутахассиси шуъбаи рушди ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (1 ҷой), маош 1040,0 сомонӣ;
талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ, иқтисоди ва корӣ иҷтимоӣ.
Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосир:
– мутахассиси пешбари Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосир (1 ҷой), маош 733,20 сомонӣ;
Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кўдакон ва танзими оила:
– мутахассиси бахши модаршавии бехавф ва танзими оилаи Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кўдакон ва танзими оила (1 ҷой), маош 733,20 сомонӣ;
талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ.
– мутахассиси шуъбаи ҳифзи саломатии кўдакон ва наврасони Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кўдакон ва танзими оила (1 ҷой), маош 733,20 сомонӣ;
талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ.
Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ:
-мутахассиси пешбари Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ (1 ҷой), маош 889,20 сомонӣ;
талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ, фарматсевтӣ.
Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ:
– мутахассиси шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббии Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ (1 ҷой), маош 733,20 сомонӣ;
талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ.
– мутахассиси пешбари шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббии Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ (1 ҷой), маош 889,20 сомонӣ;
талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод намоед:
– ариза ба унвони роҳбари мақомот;
– варақаи шахсии (анкетаи) баҳисобгирии кадрӣ;
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
– 2 дона расми 4х6;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);
– нусхаи шиноснома;
– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
– нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
– шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
– маълумотнома аз ҷои истиқомат ва оиладорӣ;
– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– хислатнома аз ҷои кори пештара (фаъолият карда бошед);
– маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан.
Талаботҳои тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби
– мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
барои ишғоли мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олӣ касби, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Суроғаи мо: Индекс 734025 ш. Душанбе, кўчаи Шевченко 69,
тел. 221-19-59.
Мўҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз лаҳзаи нашри эълон.
Ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки аз озмун нагузаштаанд, баргардонида мешаванд.