ВКХ: дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон дар Чин ҳодисаи гирифтори беморӣ ба қайд гирифта нашудааст

ВКХ: дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон дар Чин ҳодисаи гирифтори беморӣ ба қайд гирифта нашудааст
Январ 29
09:03 2020

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо шаҳрвандони кишвар, ки дар шаҳрҳои гуногуни Чин, аз ҷумла Вухан (зиёда аз 45 донишҷӯи тоҷик) қарор доранд, дар тамоси доимӣ мебошад. Дар ин бора  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамчунин Сафорат бо мақомоти дахлдори кишвари иқомат, Ҳукумати музофоти Хубэй ва шаҳри Вухан ва мактабҳои олие, ки шаҳрвандони мо таҳсил мекунанд, дар алоқа буда, вазъиятро баррасӣ менамояд.

Дар торнамои Сафорат муроҷиат ба шаҳрвандон бо ишораи рақамҳои телефони шабонарӯзӣ ҷой дода шудааст. Шаҳрвандон метавонанд бо рақамҳои зерин ба Сафорат муроҷиат кунанд: Суҳроб Қодиров +8618511786686, Амриддин Носиров +8618514270747 ва Пирмухамедов Фаромуз +8613522787975.

Дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳодисаи гирифтори беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҷониби Чин айни замон масъалаи баровардани шаҳрвандони хориҷиро аз шаҳри Вухан баррасӣ надорад ва тавсия ҳам намедиҳад, зеро дар саросари музофоти мазкур карантин эълон карда шудааст.

Кумитаи давлатии Чин оид ба корҳои тандурустӣ иттилоъ дод, ки давраи инкубатсионии коронавируси шакли нав аз 1 то 14 рӯз давом мекунад ва он вирус дар ин муҳлат ба нафарони дигар имконияти гузаштан дорад.

Агар зарурати воқеии баровардани донишҷӯёни тоҷик аз музофоти Хубей ба миён ояд ва чунин тасмим дар сатҳи мақомоти чинӣ гирифта шавад, ҷониби Тоҷикистон ин иқдомро бо Ҳукумати Чин роҳандозӣ хоҳад кард.

Вазъияти мазкур зери назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,448
  • 1,421
  • 957,970