ВМКБ: Беморхонаи вилоятӣ бо шароити корӣ ва маводҳои тиббӣ таъмин аст

Май 20
09:27 2020

Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон матолибе, ки санаи 18 майи соли равон бо номи “Вазъият дар беморхонаи вилоятии ВМКБ аз забони сокини маҳаллӣ” дар Радиои Озодӣ ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ дод.  Бояд гуфт, ки Радиои Озодӣ матлаби мазкурро аз Нашрияи электронии Pamir Daily News, ки аз қавли як сокини маҳаллӣ омода гардидааст, бознашр намуд.

Дар матлаби мазкур омадааст, ки гуё Беморхонаи вилоятии ВМКБ  бо шароити оддӣ, аз ҷумла гармоба ҳоҷатхона, ошхона, ҷомашӯйхона ва ҳатто чизҳои оддитарин,  об, собун, дастпӯшак ва либосҳои муҳофизатии фардӣ барои кор таъмин нест.

Бояд гуфт, ки Раёсати тандурустии ВМКБ ва зерсохторҳои он аз рӯзҳои нахустини авҷ гирифтани бемории КОВИД-19 дар кишвари Ҷумҳурии Халқии Чин тамоми тадбирҳои заруриро вобаста ба пешгирии сироятёбӣ ва интиқоли он андешида, чораҳои зиддиэпидемикӣ ва профилактикиро дар муассисаҳои табобатию-профилактикии қаламрави вилоят пурзӯр намуд.

Беморхонаи вилоятӣ, ки яке аз муассисаҳои калидии соҳа дар  ВМКБ ба ҳисоб меравад, барои расонидани хизматрасонии баландихтисоси тиббӣ ва таъҷилии шабонарӯзӣ барои аҳолии шаҳр ва ноҳияҳои вилоят фаъолият менамояд.

Дар тамоми шӯъбаҳои Беморхонаи вилоятӣ системаи обтаъминкунӣ ва коррезӣ  ба таврӣ муназам кор мекунад. Иловатан, ҳамаи шӯъбаҳои беморхона дорои ҳоҷатхона ва гармоба (душевой) мебошанд.

Ҳамзамон, ошхонаи беморхонаи мазкур низ ба таври доимӣ фаъолият намуда, ба таъҷизотҳои зарурӣ,  аз қабили яхдон, плитаи калон барои хӯрокпазӣ, 2-дастгоҳи нонпазӣ ва дигар асбобу анҷомҳои зарурӣ таъмин   мебошад. Ҳамарӯза ошхона беморон ва кормандони соҳаро бо се вақт хӯроки гарм таъмин менамояд.

Бо дастгирии бевоситаи Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   ВМКБ ва шарикон оид ба рушд, базаи моддию техникии Беморхонаи вилоятӣ сол то сол беҳтар гардида истодааст. Маркази ташхисии Беморхонаи вилоятӣ бо асбобу анҷомҳои муосири ташхисӣ, дастгоҳи рентгении рақамӣ, дастгоҳҳои УЗИ, анализаторҳои биокимиёвӣ таъмин гардонида шуда,  айни ҳол шӯъбаи  гемодиализ фаъолият намуда истодааст.

Барои хизматрасонии тиббӣ ба сироятёфтагони КОВИД-19 дар шӯъбаҳои беморхона 12-адад  дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 7- адад  оксигенератор,  7- адад  кордиомонитор дар назди катҳо дар ҳолати корӣ қарор доранд ва системаи  марказонидашудаи  кислород  муҷаҳҳаз  гардонида шудааст.

Беморхонаи вилоятӣ бо дорувориҳои зиддивирусӣ ва дигар дорувориҳои  зарурӣ  барои  ёрии таъхирнопазир  таъмин гардида, ба ҳолати ҳозира дар он либосҳои махсуси  муҳофизатии бисёркарата ва яккарата захира гардонида шудаанд. Кормандони  беморхона  бо либосҳои  муҳофизатии  фардӣ, ниқоб ва дастпӯшакҳо пурра  таъмин мебошанд. Ҳамзамон, айни ҳол дар беморхона  18000- адад  ниқоб ва зиёда аз 30 ҳазор адад дастпушаки резинӣ, маводҳои  безараргардонанда,  ба монанди  хлор, маҳлулҳои антисептикӣ ва спирт захира карда шудааст.

Бинобар ин,  ваҷҳҳое, ки дар гузориши бознашри Радиои Озодӣ дарҷ гардидаанд,  бепоя буда, танҳо фикру ақидаи як нафарро  дарбар мегиранд.

Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят тамоми саъю кушиши худро барои сиҳатии омма ва беҳдошти саломатии шаҳрвандон равона намуда, дар ин самт тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.

Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 346
  • 956
  • 913,046