ВМКБ: Шиносоии Ҷамолиддин Абдуллозода бо корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

ВМКБ: Шиносоии Ҷамолиддин Абдуллозода бо корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ
Июн 24
14:01 2022

Ҳифзи саломатии аҳолӣ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон мақоми хоса касб намуда, таҳти таваҷҷуҳ ва дастгириҳои  бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини солимии аҳолӣ дар баробари дигар манотиқи кишвар дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ низ як қатор корҳои муҳим ва назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Тибқи супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифз иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба ВМКБ сафар намуда, бо рафти корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят шинос шуд.

Дар шаҳри Хоруғ гурӯҳи кории вазорат аз рафти хизматрасонии тиббии  беморхонаи вилоятии шаҳри мазкур дидан намуда, ҳамзамон бо лоиҳаи ангоравии Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ шинос шуд.

Дар идома гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ба ноҳияи Роштқалъа сафар намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон корҳои сохтмонии Беморхонаи марказии ноҳияи Роштқалъа шурӯъ шуда, корҳои ҳамворкунӣ ва битонрезӣ барои бинои нави муассисаи тандурустии мазкур ҷараён доранд.

Дар ноҳияи Ишкошим гурӯҳи корӣ бо фаъолияти беморхонаи марказӣ ва  рафти корҳои ободонии осоишгоҳи “Авҷ” шинос шуданд. Бояд қайд намуд, ки чашмаи шифобахши “Авҷ” барои бемориҳои чашм, меъда, рудаҳо, дилу рагҳо фоидаовар мебошад.

Ҳамзамон дар ҷараёни сафари корӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти хизматрасонии тиббии  Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон  дидан намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 705
  • 1,103
  • 947,443