Вобаста ба муаррифии дастовардҳои соҳа дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла занон ва кӯдакон дар кишвар мизи мудаввар баргузор гардид

Вобаста ба муаррифии дастовардҳои соҳа дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла занон ва кӯдакон дар кишвар мизи мудаввар баргузор гардид
Декабр 07
12:57 2023

Санаи 6 декабри соли равон бахшида ба 75-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, 30-солагии ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон дар Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи тибби профилактикӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муаррифии дастовардҳои соҳа дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла занон ва кӯдакон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Зулфия Абдусаматзода, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дахлдори вазорат ва роҳбарони як қатор муассисаҳои соҳавӣ иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки масъалаи ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, он дар рӯзномаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки боби 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пурра ба масъалаҳои ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқи инсон дар ҳама самтҳо, инчунин ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон пайваста тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида, то кунун дар ин самт санадҳои муҳими стратегӣ таҳия ва қабул карда шудаанд.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳуқуқҳои модарон ва кӯдакон диққати ҷиддӣ дода, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва яке аз аввалин давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил 26 октябри соли 1993 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонид ва он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 1993 эътибор пайдо кард.

Тавре дар Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак омадааст,  ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба ҳаёт, зиндагӣ ва инкишофи солим, донистани волидайни худ ва бархурдор будан аз ғамхории онҳо, озодона баён намудани ақидаи шахсӣ, саломатӣ ва дастрасӣ ба низоми тандурустӣ ва дастрасӣ ба таҳсилро дорад.

Дар идома як қатор иштирокдорон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво вобаста ба муаррифии дастовардҳои соҳа дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла занон ва кӯдакон баромад намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 522
  • 956
  • 913,222