Вохурӣ бо ходимони дин ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19

Вохурӣ бо  ходимони дин ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19
Август 14
09:42 2020

Дар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд тибқи дастури раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси нави Covid-19 бо мақсади ҷилавгирӣ аз мавҷи дуюми ин вабои аср бо имомхатибон ва ходимони дини шаҳр мулоқот сурат гирифт.

Таҳмина Усмонова, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд мулоқотро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки ягона роҳи асосии сироят наёфтан ба бемории короновирус эҳтиёткориро пеша намудан аст. Зеро, омили асосии паҳн гаштани ин беморӣ дар миёни ҷомеа сироятёбӣ аз шахси мубталои беморӣ ба инсони солим мебошад. Ин бемории марговар бо роҳи қатраӣ – ҳавоӣ, алоқаи наздик, яъне дасти ҳамдигар фишурдан, оғӯш гирифтан, даст расондан ба ашёву маводе, ки онҳо бо вирус олудаанд ва риоя накардани гигиенаи шахсӣ паҳн мешавад. Аз ин рӯ, роҳҳои асосии пешгирии ин ҳолат риояи гигиенаи шахсӣ, истифода аз ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист, пайваста шустани дастон бо собун ва риояи фосилаи иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд.

Тахмина Усмонова изҳори нигаронӣ намуд, ки мутаассифона, айни ҳол на ҳама сокинони шаҳр чунин талаботи ҳатмиро риоя мекунанд. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо аксар вақт дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам ҳолати бениқоб гаштугузор кардани шаҳрвандон ва риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ ба назар мерасад, ки аз беэҳтиётии онҳо нисбат ба пешгирии ин беморӣ дарак медиҳад.

Ҳолатҳои бениқоб равуо намудани мардум бе риояи фосилаи муқарраргардида дар кӯчаву хиёбон, бозорҳо, назди банкоматҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ бештар мушоҳида мешавад.

Таъкид шуд, ки дар мавриди ҳифзи сиҳатии омма, Пайғамбарамон Муҳаммад (с) фармудаанд: “Шахси мариз назди шахси тандуруст оварда нашавад.” Олимон зимни ҳадиси мазкур фармудаанд: «Шахсони солим набояд бо касоне, ки ба бемориҳои сирояткунанда гирифторанд, нишасту бархост кунанд, то ин ки беморӣ ба онҳо нагузарад».

Мутаассифона, вақтҳои охир ҳангоми адо намудани намози ҷаноза талаботи дастурамали «Тартиби дафни бандаи муъмин», ки аз ҷониби Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидааст, сарфи назар карда мешавад. Намозҳои ҷаноза мисли пештара бо шумораи зиёди одамон, бе риояи қоидаҳои беҳдошт, бидуни пўшидани ниқоби муҳофизатӣ ва масофагирии ҷисмонӣ анҷом дода мешаванд. Ин ҳолат хатари воқеии сироят ба бемории COVID-19-ро дучанду даҳчанд менамояд. Бо иштирок дар чунин ибодатҳо ҳар кас худ, хешу табор ва атрофиёнро зери хатари ҷиддии сироятёбӣ қарор медиҳад, ки чунин рафтор аз лиҳози дини ислом, хусусан мазҳаби ҳанафӣ қатъиян маҳкум мегардад. Аз чунин амали хатарзо ягон гуна савоб ҳосил намешавад, балки ин гуна ашхос муртакиби гуноҳ мегарданд.

Ҳоҷӣ Ҳусейн Мўсозода, Раиси Шўрои уламои дини вилоят, сархатиби Масҷиди Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки зимни мулоқот бо мардум ҷиҳати эмин нигоҳ доштани мардум аз сирояти бемории COVID-19 қотеона тақозо менамоем, ки намозҳои ҷаноза бо иштироки шумораи камтарини хешу таборони наздики майит, бо риояи қатъии дастурамали «Тартиби дафни бандаи муъмин» анҷом дода шавад.

Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи 2 метр аз тобут дуртар меистад. Имом ва намозхонон бояд масофаро риоя намуда, ҳатман ниқоб пўшанд.

Намозҳои ҷаноза танҳо аз ҷониби мутасаддиён – имомхатибон, имомони масҷидҳои панҷвақта ва шахсоне, ки ба ин кор муваззаф шудаанд, хонда мешаванд.

Мутаассифона ,то ҳол мардум нисбати саломатии худ беэътиноӣ намуда, ба ҷони худ хатар эҷод намуда истодаанд.

Дар ҷараёни мулоқот имомхатибон ва ходимони дини шаҳр ба саволҳои худ вобаста ба пешгирии бемории короновирус ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 32
  • 579
  • 862,512