Вохурӣ бо кормандони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” доир ба пешгирии амалҳои номатлуб

Вохурӣ бо кормандони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” доир ба пешгирии амалҳои номатлуб
Май 05
18:43 2023

Дар идомаи силсилавохуриҳо бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии амалҳои номатлуб, аз ҷумла пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва терроризму экстремизм имрӯз, 5 майи соли равон дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ҳамоиш доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Абдухолиқ Амирзода, роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Дар вохурӣ доир ба омилу сабабҳои пайдоиши коррупсия, роҳҳои пешгирии ин падидаи номатлуб, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, аз қабили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, расидан ба қадри сулҳу оромии Тоҷикистони азиз ва баҳри рушду пешрафти сарзамини хеш саҳмгузор будан андешаронӣ сурат гирифт.

Дар ин замина, аз табибони муассисаи мазкур даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавобан ба дастгирӣ ва ғамхориҳои роҳбарияти Олии Ҳукумати мамлакат аз пештара бештар баҳри таъмини солимии аҳолӣ талош варзанд.

Ҳамзамон, доир ба пешгирии терроризм ва экстремизм ба иштирокиёни ҳамоиш филми кутоҳмуддат намоиш дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 361
  • 956
  • 913,061