Вохурӣ бо мақсади ҷорӣ намудани системаи иттилоотии озмоишгоҳӣ

Вохурӣ бо мақсади ҷорӣ намудани системаи иттилоотии озмоишгоҳӣ
Апрел 25
16:34 2022

Бо ибтикори Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ ва дар доираи амалисозии системаи иттилоотии озмоишгоҳӣ  барои беморони сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 апрели соли равон дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе вохурии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода бо таҳиягарони системаи иттилоотии озмоишгоҳӣ, аз ҷумла намояндагони озмоишгоҳи супрамиллии Гаутинги Олмон бо роҳбарии Харолд Хоффман, директори Раёсати тиббии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ Кристофер Барретт ва дигар мутахассисони соҳа баргузор гардид.

Нахуст муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода барои дастгирии соҳаи силшиносии кишвар ба шарикон оид ба рушд изҳори миннатдорӣ баён намуда, ҷорӣ гардидани системаи иттилоотии озмоишгоҳиро низ идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди вазорат бо шарикон оид ба рушд арзёбӣ намуд.

Ҳамазмон, дар вохурӣ директори Раёсати тиббии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ, директори озмоишгоҳи супрамилии Гаутинги Олмон ва дигар меҳмонон низ суханронӣ намуданд.

Дар доираи вохурӣ раванд, ҷараён ва самаранокии амалисозии системаи нави иттилоотии озмоишгоҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 384
  • 1,099
  • 923,596