Вохурӣ бо мақсади пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19

Вохурӣ бо мақсади пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемории  COVID-19
Июл 30
18:04 2020

Бо мақсади  боз ҳам пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 ва шиносоӣ бо вазъи муассисаҳои тандурустӣ имрӯз, 30 июли соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода ва муовини Сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Навруз Ҷаъфаров  ба шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода сафар намуданд.

Зимни сафари кории хеш муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода ва муовини Сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Навруз Ҷаъфаров аз муассисаҳои тандурустӣ ва як қатор марказҳои хизматрасонии шаҳрҳои мазкур боздид ба амал оварданд.

Ҳамзамон, дар доираи сафари кории хеш муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода ва муовини Сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемилогӣ Навруз Ҷаъфаров  дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода бо  раисони  шаҳрҳои мазкур,  кормандони шӯъбаи кор бо занон, ҷавонон, намояндагони мақомотҳои қудратӣ, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва раисони ҷамоатҳо  вохурӣ намуданд.

Дар вохурӣ масъалаҳои пешгирии бемории коронавируси нави COVID19, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷумла пушидани ниқоб, риояи фосилаи иҷтимоӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ  ҷиҳати пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Самариддин Ализода ва муовини Сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Навруз Ҷаъфаров ба масъулини  муассисаҳои тандурустии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода ва дигар сохторҳои дахлдор  дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 81
  • 1,058
  • 888,493