Вохурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин

Вохурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин
Июн 05
16:06 2024

Имрӯз, 5-уми июни соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед бо мутахассисони Маркази ҳамкориҳои муштарак дар назди Кумитаи давлатӣ оид ба тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин вохурӣ намуд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед зимни вохурӣ иброз дошт, ки солҳои охир ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст, ки ин аз кӯшишу талош ва заҳмати шабонарӯзии  роҳбарони ҳар ду кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Махусан, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар давраи пандемияи коронавирус барои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат ва дастгирии зиёд намудааст ва ин ҳамкорӣ барои ноил шудан ба рушди нави муносибатҳои ду ҷониба саҳифаи нав кушод.

Баъдан, дар доираи барномаи «Сайёҳии равшан, Экспресс – саломатӣ»-бо иштироки мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва табибони кишвар дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои чашм»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти ташхису табобат ва ҷарроҳии бемориҳои чашм мубодилаи таҷриба, омӯхтани муваффақият ва дастовардҳои навтарини соҳа, ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат дар ин бахши муҳими соҳаи тандурустӣ сурат гирифт.

Дар муассисаи мазкур аз ҷониби мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин то кунун 178 нафар беморони чашм аз муоинаи пурра гузашта,  инчунин 59 амалиёти ҷарроҳӣ бо ташхиси чашмпарда гузаронида шуд.

Дар доираи ин иқдом дар назар дошта шудааст, ки 500 нафар беморони чашмпарда аз ҷониби мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин ташхису муоина ва  ҷарроҳӣ карда шаванд.

Бояд гуфт, ки амалиёти ҷарроҳӣ ба шаҳрвандони мамлакат аз ҷониби табибони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таври ройгон гузаронида мешавад.

Ба роҳ мондани чунин ҳамкориҳои судманд бо табибони кишварҳои гуногун дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, махсусан дар бахши ҷарроҳӣ ба рушди соҳаи тандурустии мамлакат заминаи мусоид  гузошта, имкон фароҳам меорад, ки табибони мамлакат бо дастовард ва муваффақиятҳои навтарини тибби олам шинос шуда, онҳоро дар соҳаи тандурустии мамлакат амалӣ намоянд.

Ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ аз ҷониби меҳмонон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷҳизотҳои тиббӣ низ супорида мешавад, ки онҳо барои беҳтар шудани сифати хизматраоснии тиббӣ  мусоидат менамоянд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки мутахассисони Маркази ҳамкориҳои муштарак дар назди Кумитаи давлатӣ оид ба тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо таклифи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳии чашм ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,601
  • 1,421
  • 958,123