Вохурӣ бо намояндагони Ассотсиатсияи беморхонаҳои музофоти Хубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин

Вохурӣ бо намояндагони Ассотсиатсияи беморхонаҳои музофоти Хубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин
Апрел 03
17:05 2024

3-юми апрели соли равон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо намояндагони Ассотсиатсияи беморхонаҳои музофоти Хубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин вохурӣ намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, Ассотсиатсияи беморхонаҳои музофоти Хубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин ягона ташкилоти соҳавии идоракунии беморхонаҳо дар ин музофот мебошад, ки дар маҷмӯъ 513 шӯъба, 29 кумитаи махсус ва аксари беморхонаҳои ин музофотро фаро мегирад.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни як қатор беморхонаҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Хубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самтҳои ҷарроҳӣ, тибби халқӣ ва дигар бахшҳо мубодилаи афкор намуданд.

Маврид ба зикри хос аст, ки имрӯзҳо  ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар баробари дигар бахшҳо  ҳамзамон дар соҳаи тандурустӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар рафти сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин 14-16 сентябри соли 2006 «Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Халқии Хитой» ба имзо расидааст, ки барои васеъ намудани имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ду кишвар заминаи хуб гузошт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 105
  • 1,219
  • 898,521