Феврал 02
11:46
2023
1 феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо роҳбарияти ширкати кувайтии “Al-huqooq International Co.» Насем Маҷед ва Муҳаммад Аласбанӣ вохурӣ намуд.
Зимни вохурӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувейт 23 июни соли 2013 созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расид, ки дар доираи он ҳамкориҳои мутақобилан судманд сол аз сол миёни кишварҳо густариш меёбад.