27 майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран вохурӣ намуд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот иброз намуд, ки ҳамкорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари Фаронса дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан ривоҷ меёбанд ва вохурии мазкур барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба ки ҳадафи асосии мулоқоти имрӯза мебошад, мусоидат менамояд.
Қайд гардид, ки дар доираи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо, ки дар он саҳми Ҷумҳурии Фаронса низ хеле калон аст, якчанд лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҷиҳати татбиқи самараноки Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», гузаронидани таҳлили сиёсати тандурустӣ ва рушди «Системаи иттилоотии идоракунии соҳаи тандурустӣ» бомуваффақият амалӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки саҳми мутахассисони фаронсавӣ ҷиҳати омӯзонидани мутахассисони тоҷик оид ба кор намудан бо технологияи ҳозиразамон ва усулҳои нави ташхис хеле назаррас мебошад.
Зикр гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ омодаи тақвияти ҳамкориҳо бо Хазинаи Мериё мебошад ва боварӣ дорад, ки ҳамаи уҳдадориҳое, ки дар доираи ин созишнома ба Хазинаи Мериё вогузор карда шудаанд, амалӣ карда мешаванд, ки ин барои дастгирии сохтори озмоишгоҳ ва баланд бардоштани дастрасӣ ба ташхиси тиббии баландсифат ва хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд.
Дар маҷмӯъ, вохурии мазкур барои ҳамкориҳои судманд дар раванди рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.