
Имрӯз, 10 марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов доир гардид.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Федератсияи Россия изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Зимни вохурӣ Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов иттилоъ дод, ки бо назардошти натиҷаи ҳосилшудаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Москва баргузор гардид, рӯзҳои наздик ҷиҳати таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии Тоҷикистон мутахассисони Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия-Роспотребнадзор ба Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард.
Дар ҷараёни сафари кории хеш ба Тоҷикистон дар назар аст, ки мутахассисони Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия-Роспотребнадзор аз озмоишгоҳҳои кишвар боздид намуда, ҳамзамон, бо табибони тоҷик вохурӣ ва табодули таҷриба намоянд.
Вохурӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.