Вохурӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ

Вохурӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ
Феврал 16
14:49 2024

Имрӯз тибқи банди 9-нақшаи баргузории мулоқоту вохуриҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, густариши корҳои ободонӣ, риояи қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, таблиғу ташвиқи сарфаю сариштакорӣ, одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан дар Ташкилоти ибтидоии “Ҷисму ҷон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вохурӣ баргузор гардид.

Дар вохурии мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ашурова Дилрабо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ва котиби раиси Ташкилоти ибтидоии “Ҷисму ҷон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Қудусов Парвиз ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиву саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Зимни ироаи ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз Президенти мамлакат дар баробари дигар самтҳои ҳаётан муҳим, ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, доир ба дастовард ва мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ибрози назар карданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 471
  • 612
  • 863,563