Октябр 28
15:34
2020
Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои роҳбарияти ташикилоти “Иттиҳодияи табибони ҷавон” дар назди вазорат бо мутахассисони ҷавони муассисаҳои тандурустии кишвар оид ба масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пандемияи COVID-19 ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз, 28 октябри соли равон дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” перомуни мавзӯъҳои болозикр вохурии судманд баргузор карда шуд. Дар ҷамъомад маъмурияти маҷмааи тандурустии мазкур ва роҳбари ташкилоти «Иттиҳоди табибони ҷавон» дар назди вазорат Бобоҷон Сафаралиев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чунин силсилавохӯриҳо минбаъд низ дар дигар муассисаҳои тандурустӣ гузаронида хоҳанд шуд.