Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Фенчао

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Фенчао
Май 28
17:31 2024

Имрӯз, 28-уми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо Раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Фенчао вохурӣ намуд. Дар вохурии мазкур ҳамзамон ҳайати ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори зерсохтори вазорат, роҳбарони марказҳои тиббию табобатии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок доштанд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода меҳмононро ба бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хайрамақдам гуфта, ба Ҳукумати Мардумии Чин барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат изҳори миннатдорӣ баён дошт.

Махсусан, зимни вохурӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар бахши тибби халқӣ, табодули таҷрибаи табибони ду кишвар, ба роҳ мондани корҳои илмӣ-татқиқотӣ дар соҳаи тиб, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Дар ин замина, гуфта шуд, ки тибби халқӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба таври васеъ истифода мешавад ва шумораи бештари кишварҳо аҳамияти тибби анъанавӣ дар соҳаи тандурустиро эътироф намуда, онро дар системаҳои миллии тандурустии худ бомуваффақият ҷорӣ мекунанд. Осиёи Марказӣ яке аз қадимтарин марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ буда, дар он тиб яке аз ҷойҳои муҳимтаринро ишғол мекунад, ки таърихи тибби тоҷик мисоли равшан аст.

Дар  кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тибби халқӣ»  кабул шудааст, ки он асосҳои ҳуқуқии фаъолияти самти тибби халқиро муайян мекунад.

Бояд қайд намуд, ки чанде қабл бо даъвати Ҷумҳурии Мардумии Чин як ҳайати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Чэнду сафар  намуда,  бо вазъи соҳаи тибби халқии ин кишвар шинос шуданд.

Сафари мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳои бадастомада зимни мулоқоту вохуриҳои роҳбарони воломақоми  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи тибби анъанавии халқӣ амалӣ гардид.

Дар идомаи вохурӣ ҳамзамон доир ба муваффақияту дастовардҳои шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ»-Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин наворҳои кутоҳи видеоӣ намоиш дода шуд.

Дар анҷом изҳори умедворӣ карда шуд, ки натиҷаи вохурии мазкур ба таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи тандурустӣ, илми тиб ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва махсусан тибби халқии тоҷику чинӣ  мусоидат хоҳад кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 402
  • 1,099
  • 923,614