Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уике

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уике
Май 08
15:26 2024
8-уми майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике вохӯрӣ намуд.
 Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода ташрифи меҳмононро дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, Раҷеш Уикеро барои ба вазифаи Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданаш табрик намуд.
Қайд гардид, ки дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон «Созишномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва некӯаҳволии оилаи Ҷумҳурии Ҳиндустон» 3 сентябри соли 2012 дар шаҳри Деҳлӣ ба имзо расидааст ва Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ амал менамояд, ки барои иҷрои бандҳои дахлдори комиссияи мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамаи чораҳоро меандешад.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии 103 ширкати истеҳсолкунандагони маводи дорувории Ҷумҳурии Ҳиндустон ба миқдори 819 намуди дору ва молҳои тиббиро аз қайди давлатӣ гузаронидаанд.
Дар ин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ки бо Ҷумҳурии Ҳиндустон дар рушди саноати доруворӣ, табодули таҷрибаи мутахассисони соҳа, такмил додани сатҳи ихтисоси мутахассисон дар самти ҷарроҳиҳои муосир, табобати саратон ва нигоҳубини навзодону кӯдакон дар ин кишвар ҳамкориҳои муштаракро ба роҳ монад.
Дар анҷоми вохурӣ ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 46
  • 964
  • 914,755