Вохурии кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе бо намояндагони Раёсати агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Вохурии кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе бо намояндагони Раёсати агентии  давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия
Декабр 11
07:33 2017

Санаи 09 декабри соли равон дар доираи таҷлили “Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия” дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» вохурии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар оғоз Сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода ҳозиринро ба муносибати “Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия” шодбош гуфта, аз ҷумла иброз дошт ки,  “мо табибон як масъулияти ниҳоят бузургро бар дӯш дорем ва бояд пайваста савияи дониш ва малакаи хешро такмил дода, риояи тартиботи ҷамъиятӣ махсусан одоби муоширатро  хуб ба роҳ монем”.

Дар чорабинии мазкур ҳамзамон кормандон ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  ҳолатҳои  коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза алайли ин зуҳурот суханронӣ намуданд. Дар рафти чорабинӣ  Алишер Носирӣ, муовини сардори шуъбаи пешгирии коррупсия дар раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ш Душанбе, баромад намуда ба ҳозирин  иброз дошт, ки “Коррупсия феълан падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ ва ғайра мешуморанд. Бо вуҷуди ин ҳама новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун  нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар ақидаанд, ки ин амалҳам чун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад.  Дар ҳамин замина аз тамоми иштирокчиён даъват ба амал оварда мешавад, ки ба ин зуҳуроти номатлуб даст назада, баракс барои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ саҳмгузор бошанд”.

Маврид ба зикр аст, ки  31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид  ҷиҳати  мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои пайдоиши он,  инчунин бо мақсади решакан намудани ин зуҳурот   “Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия”-ро  эълон намуд. Муҳимияти ин ҳуҷҷати Созмони Милали Муттаҳидро ба назар гирифта Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, 25 сентябри соли 2006 ба он имзо гузошт. Конвенсияи мазкур 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии мо башумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда истодаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 730
  • 1,103
  • 947,468