Вохурии масъулини вазорат бо ҳайати музофоти Шандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин

Вохурии масъулини вазорат бо ҳайати музофоти Шандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин
Май 22
13:53 2024

21-уми майи соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохўрии намояндагони масъули вазорат бо ҳайати музофоти Шандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини раиси Комиссияи доимии Маҷлиси намояндагони халқи вилояти Шандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван Лян доир гашт.

Масъалаи асосие, ки дар рафти вохўрӣ баррасӣ шуд- ин ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба бо вилояти Шандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Т оҷикистон дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Дар ҳайати намояндагии ҷониби чинӣ роҳбарияти беморхонаи Цилу ва бемориҳои чашми Шандуни  Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок варзиданд ва омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва мубодилаи мутахассисон дар самти бемориҳои чашм изҳор намуданд.

Тавре намояндаи Чин қайд намуд, музофоти Шандун дар шарқи  Ҷумҳурии Мардуми Чин ҷойгир буда, аз ҷиҳати аҳолӣ дар ин кишвар пас аз Гуандун дар ҷойи дуюм меистад. Музофоти мазкур минтақаи баландтехнологии Чин бо роҳҳои замонавӣ буда, ҳамзамон дорои манзараҳои зебо ва муҳити тозаву  озода мебошад. Ин минтақа ҳамчун зодгоҳи файласуф Конфутсий машҳур аст. Дар ин ҷо куҳи Тайшан, чашмаҳои гарми шифобахш ва дарозтарин соҳили реги сафед дар ин кишвар ҷойгиранд.

Дар навбати худ, намояндаи вазорат ба меҳмонон оид ба дастовардҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва имкониятҳои мавҷудаи соҳа иттилоъ дода, омодагии вазоратро барои ҳамкорӣ намудан дар ҳама самтҳои афзалиятноки соҳа, (соҳаи ҷарроҳии дил, ҷигар, пайвандсозӣ, бемориҳои диабети қанд, бемориҳои чашм, бемориҳои кўдакона, бемориҳои сироятӣ ва ғ)  аз он ҷумла тибби халқӣ пешниҳод намуд.

Дар ин замина, гуфта шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки бо музофоти мазкур  мубодиларо дар самти гузаронидани мастер-классҳо, ҷарроҳиҳо дар соҳаи чашм,  табодули маълумот оид ба дастовардҳо дар соҳаи тибби муосир, тибби анъанавӣ, таъсиси низоми тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар Ҷумҳурии Мардумии Чинро  ба роҳ монад.

Маврид ба зикр аст, ки сафари ҳайати музофоти Шандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии муовини раиси Комиссияи доимии Маҷлиси намояндагони халқи вилояти Шандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван Лян ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 19-21 майи соли 2024  сурат гирифт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 402
  • 1,099
  • 923,614