Вохурии Саида Умарзода бо гурӯҳи табибони Ҷумҳурии Тотористон

Вохурии Саида Умарзода бо гурӯҳи табибони Ҷумҳурии Тотористон
Феврал 18
15:06 2019

18 феврал дар Маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳи табибони Ҷумҳурии Тотористон баргузор гардид.
Саида Умарзода зимни баромади хеш ҳавасмандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тотористон иброз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Баъдан муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табибони тотор вобаста ба вазъи муолиҷа ва ҷарроҳиҳои чашм, дил ва асаби кӯдакона дар кишвар маълумот дод.
Номбурда дар навбати худ иброз намуд, ки мо метавонем дар бахши илми тиб бо ҳамтоёни тоториамон ҳамкорӣ намуда, дар ин самт аз ҳамдигар омӯзем, ба муассисаҳои тиббии ҳамдигар мутахассисонро барои таҷрибаомӯзӣ равона созем.
Алла Гумерова, муовини сардухтури Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии кӯдаконаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тотористон мақсади ташрифи худ ва ҳамроҳонашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар самти саломатии кӯдакон унвон намуд.
Ӯ гуфт: “Беморхонаи мо дар самти муолиҷаи кӯдакон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Мо метавонем бо табибони тоҷик дар гузаронидани ҷарроҳиҳои кӯдакона, аз ҷумла, ҷарроҳиҳои дил, чашм ва асаб, додани машваратҳо, гузаронидани курсҳои омӯзишӣ ҳамкорӣ намоем ва инчунин аз таҷрибаи табибони тоҷик низ омӯзем.
Алла Гумерова инчунин иброз намуд, ки онҳо мехоҳанд дар оянда бо табибони тоҷик тибби онлайниро ба роҳ монанд. Яъне ба Ҷумҳурии Тоҷикистон наомада, аз кишвари худ бо табибони тоҷик бо тариқи онлайнӣ дар муолиҷаи кӯдакон машварат намоянд.
Гурӯҳи табибони Ҷумҳурии Тотористон се рӯзи дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ вохурӣ ва машваратҳо доир намуда, дар назар аст, ки байни онҳо ва муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ созишномаҳои ҳамкорӣ баста шавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« நவ்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 727
  • 868
  • 734,846