Вокуниш ба маводи “Азия Плюс” таҳти унвони «Наздикони шашгоники фавтида аз хунукназарии табибон шикоят доранд”

Январ 14
17:25 2023

​Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон матолиби сомонаи “Азия Плюс”-ро таҳти унвони «Наздикони шашгоники фавтида аз хунукназарии табибон шикоят доранд”, ки санаи 13 январи соли равон дар сомонаи мазкур ва ҳамзамон саҳифаи фейсбукии “Ахбор барои афкор” ба нашр расид, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод.

Дар матолиби мазкур сухан дар бораи таваллуди 6 кӯдак аз тарафи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,​ ҷамоати деҳоти Овчиқалъача, кӯчаи ба номи А.Ҳакимов 14 Соҳибова Муборакхони 26 сола меравад, ки муаллиф дар асоси даъвои модари Муборакхон-Залияхон Раҳимова маводро таҳия кардааст.

​Тавре маълум гардид, ​ санаи 10 январи соли равон соати 11.45 дақиқа шаҳрванд Муборакхон Соҳибова тавассути нақлиёти Ёрии таъҷилии тиббӣ ба Таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд оварда шуд. Аз ҷониби масъулини шӯъбаи қабули таваллудхонаи мазкур бо назардошти он, ки Муборакхон Соҳибова бо тариқи нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ бо ​ нишонаҳои валодати пеш аз муҳлат ​ ворид гардид, табибони қабулгоҳ ӯро фавран қабул ва саривақт муоина карда, дар шӯъбаи амрози ҳомиладорон бистарӣ карданд, ки дар ин бора дар дафтари қайди қабул сабт шудааст. Яъне, беморе, ки бо ёрии таъҷилӣ вориди беморхона ​ мегардад, фавран, бидуни навбат қабул ва ташхис карда мешавад.

​Ба шаҳрванд Муборакхон Соҳибова бо назардошти нишонаи валодати пеш аз муҳлат тамоми ташхису табобат аз рӯи протоколи стандарти миллӣ оид ба аворизи ҳомиладорӣ гузаронида шуда, оиди ҳолати бемор ба ситоди доимамалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузориш пешниҳод шуд.

​Санаи 11 январ соати 00:20 дақиқа новобаста аз табобати гузаронидашуда Муборакхон Соҳибоваро дарди зоиш оғоз шуд аз соати 03:25 дақиқа то 03:50 дақиқа 6 тифли норасидаро бо вазни экстремалӣ ба дунё овард, ки нахустин кӯдак духтар бо вазни 700 грамм, дуюм писар бо вазни 700 грамм, сеюм писар 600 грамм, чорум духтар 600 грамм, панҷум духтар 600 грамм, шашум духтар 550 грамм вазн доштанд.

​Бояд гуфт, ки тибқи қоидаи амалкунанда ​ баробари таваллуд шудани тифлон ҷинсияти онҳо дар варақаҳои таърихи таваллуди модар, таърихи инкишофи кӯдак ​ ва дастбанди идентификатсионии кӯдакон қайд карда мешавад, ки ин корро табибони таваллудхона саривақт ба ҷо овардаанд.

​Бояд гуфт, ки тифлони ба дунё омада аз рӯи мӯҳлати ҳомиладорӣ 26 ҳафта, қариб 6 моҳаро ташкил медиҳад, ки онро «кӯдакони норасидаи экстремалӣ» (бо вазни ниҳоят кам) мегӯянд.

​Аз рўи омори ҷаҳонӣ, навзодони аз 750 то 1000 грамм 12-18% зинда мемонанд. Аммо​ навзодони норасид​ бо вазни​ 500-700 грамм аз рўи​ адабиётҳои дақиқ дар ҷаҳон​ то 96% рўзҳои аввали ҳаёт​ фавтида, боқимондаи​ онҳо ба маъюбият оварда мерасонад.
Дар мақола оварда шудааст, ки духтурони навбатдор рӯзи аввали таваллуди шашгоникҳо гуфта бошанд, ки ҳолати тифлон муътадил аст. Аммо бояд донист, ки кӯдакони дар шӯъбаи эҳё бистаришуда ҳаргиз ҳолаташон хуб буда наметавонанд. Яъне агар ҳолати ​ кӯдакон хуб мебуд, ҳаргиз дар шӯъбаи эҳёи навзодон бистарӣ намегардиданд.

Дар умум таи як шабонарӯзи баъди ба дунё омадани шашгоникҳо онҳо дар асоси стандартҳои соҳавии аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат тасдиқшуда табобат гирифтаанд. Табибон тамоми чораҳоро андешиданд, аммо, омилу сабабҳои болозикр ​ муҷиби зинда намондани шашгоникҳо шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜன    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 733
  • 831
  • 719,099