Япония ба Тоҷикистон контейнери тиббӣ тақдим намуд

Япония ба Тоҷикистон контейнери тиббӣ тақдим намуд
Август 03
14:59 2022

Имрӯз, 3 августи соли равон дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маросими супоридани контейнери тиббӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Япония ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, роҳбари гурӯҳи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Япония Кейҷи Фуруйа, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Япония дар Тоҷикистон Аики Тосихиро, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшо Гулзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ғафур  Муҳсинзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш нахуст аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Япония барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.

“Маросими имрӯзаи мо ба кушодашавии нуқтаи Низоми мобилии томографияи компютерӣ равона шудааст ва бо дастгирии Академияи байналмилалии Япония оид ба технологияҳои радиологӣ баргузор мегардад.

Шарики иқдоми мазкур ширкати Сансэй мебошад, ки яке аз машҳуртарин ширкатҳои Япония ба ҳисоб рафта, барои гузаронидани амалиётҳои тиббӣ контейнери тиббиро бо томографи компютерӣ пешниҳод намудааст”,-иброз дошт номбурда.

Зикр гардид, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония аз замони ташаккулёбӣ,  ки аз соли 1992 ба ҳисоб меравад, то ба имрӯз дар ҳолати рушди пойдор қарор доранд.

Гуфта шуд, ки Ҳукумати Япония яке аз аввалин шарикони муҳими вазорат ба ҳисоб меравад, ки дар давраи пандемияи COVID-19 саҳми арзандаи худро дареғ надошт.

Давоми солҳои 2022-2023 тамоми чорабиниҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаштани ташхиси томографияи компютерӣ ва дар ин раванд омӯзонидани мутахассисон оид ба истифодаи таҷҳизоти муосири баландихтисоси тиббӣ ройгон ба роҳ монда мешавад.

Бояд қайд  намуд, ки хизматрасонии мазкур дар самти беҳтар намудани хизматрасонӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ метавонад  саҳми назарраси худро гузорад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои пурзӯр намудани ҳамкории судманд омода мебошад ва дастгирии Ҳукумати Японияро ниҳоят қадр менамояд.

Зимни суханрониҳои хеш меҳмонон низ аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷонибаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Япония изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо иброз намуданд.

Ҳамзамон, имрӯз меҳмонон аз Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” дидан намуданд.

Бояд гуфт, ки чанде қабл дар доираи як лоиҳа низ аз ҷониби Ҳукумати Япония ба муассисаи номбурда дастгоҳи узӣ ва гастроэдоскопи мобилӣ дастрас карда шуда буд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 217
  • 1,263
  • 841,966