ЮСУФӢ САЛОМУДДИН ҶАББОР АЪЗОИ КУМИТАИ ДОИМИИ ТАШКИЛОТИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ АЗ МИНТАҚАИҲОИ АВРУПОӢ ИНТИХОБ ШУД.

ЮСУФӢ САЛОМУДДИН ҶАББОР АЪЗОИ КУМИТАИ ДОИМИИ ТАШКИЛОТИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ АЗ МИНТАҚАИҲОИ АВРУПОӢ ИНТИХОБ ШУД.
Октябр 25
14:46 2023

Имрӯз 25 октябри соли 2023 дар шаҳри Останаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ҷаласаи 73-уми Кумитаи минтақавии Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии вазорат Раъно Раҳимова иштирок доштанд.

Яке аз масъалаҳои дар чорабинӣ баррасишаванда, интихоби аъзоёни Кумитаи доимии минтақаи Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ буд.

Боиси хушнудист, ки дар ҷаласа доктори илмҳои тиб, профессор, академики Академияи миллии илмҳоиТоҷикистон, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор ба ҳайси аъзои Кумитаи доимии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз минтақаҳои Аврупоӣ интихоб шуданд.

Бояд гуфт, ки аъзоёни Кумитаи иҷроияи минтақаи Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз 53 мамлакати аъзои он, намояндагони 4 кишвар, Исландия, Шведсия, Сербия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи овоздиҳӣ ба ҳайси аъзои Кумитаи доимии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз минтақаҳои Аврупоӣ интихоб шуданд.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки ин бори дуюм аст, Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор ба ин Кумита интихоб мегардад. Номбурда соли 2015 низ ба муҳлати 3 сол аъзои Кумитаи мазкур интихоб шудаанд.

Кумитаи мазкур мақоми машваратии директори Бюрои Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандрустӣ буда, рушди сиёсати минбаъда ва фаъолияти асосии Созмони умумиҷаҳонии тандрустиро дар минтақаи Аврупо муайян менамояд. Инчунин, дар соли 2023 татбиқи миёнаи мӯҳлати барномаи Бюрои Аврупоӣ барои солҳои 2020-2025 амалҳои Муштарак барои беҳтар кардани саломатии сокинони Аврупо рост меояд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷаласаи 73-ум имконияти хубест барои муҳокимаи вазъи саломатӣ ва некӯаҳволии сокинони минтақаи Аврупо ва муваффақиятҳо, дастовардҳои муҳими тандурустии ҷамъиятӣ дар 75 соли охир ва муҳокимаи равишҳо барои ҳалли мушкилоти ҷорӣ ва оянда мебошад.

Ҷаласаи 73-уми Кумитаи минтақавии Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ 24 октябр оғоз шуда, то 26 октябр ба кори худ идома хоҳад дод.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 380
  • 1,099
  • 923,592