Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини Вазири корҳои хориҷии он кишвар дар масаъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Саид мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳо дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, атрофи пешгирии шуюи коронавирус (COVID-19) табодули афкор сурат гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки то имрӯз, 19 марти соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, новобаста ба ин, чораҳои пешгирикунандаи он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар нанамоянд.