Зулфия Абдусаматзода дар ҷаласаи ҳисоботии Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб иштирок намуда, бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустӣ шинос шуд

Зулфия Абдусаматзода дар ҷаласаи ҳисоботии Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб иштирок намуда, бо  фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустӣ шинос шуд
Январ 20
13:15 2024

19 январи соли равон бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар соли 2023 дар толори Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии ба номи А.Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ҳисоботии раёсати мазкур баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ва роҳбарони муассисаҳои тиббию тандурустии минтақаи Кӯлоб иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, зикр кард, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад.

Дар идома таъкид шуд, ки масъулини соҳа бояд вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, пешгирӣ ва коҳиш додани ҳодисаҳои фавт, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб, риояи одоби муошират, роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои тиббӣ аз пештара бештар диққати ҷиддӣ ва амиқ диҳанд.

Инчунин, зимни ҷаласаи ҳисоботии раёсат қайд гардид, ки дар давраи сапаригашта чун дигар манотиқи мамлакат дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон низ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳам овардани шароити мусоид дар самти ташхису табобати шаҳрвандони мамлакат тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуданд.

Ҳамзамон, зимни сафари корӣ ба минтақаи Кӯлоб муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода бо мақсади шиносоии бевосита пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, таҳлил ва баррасии вазъи соҳа ва дар ин замина бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа, риояи одоби муошират, пешгирии амалҳои коррупсионӣ аз як қатор муассисаҳои тиббию табобатии минтақаи Кӯлоб, шаҳри Норак, ноҳияҳои Данғара ва Восеъ дидан намуда, бо беморон ва наздикону пайвандони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.

Баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 94
  • 1,219
  • 898,510