Зулфия Абдусаматзода дар Форуми II – и байналмилалии “Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон” иштирок ва суханонӣ намуд

Зулфия Абдусаматзода дар  Форуми II – и байналмилалии  “Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон” иштирок ва суханонӣ намуд
Декабр 09
14:33 2021

Имрӯз, 9 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми II -и байналмилалии “Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон” баргузор гардид, ки дар он муовини  Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндагони як қатор вазорату идора, кумита ва шарикони рушд  иштирок намуданд.

Дар Форуми мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода дар мавзӯи “Насли солим – сарвати бебаҳо ва ояндаи миллат!” баромад кард.

Тавре номбурда иброз дошт, саломатии модарон ва кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар рӯзномаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ доимо мавриди муҳокима қарор дорад.

“Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, кӯдакон ояндасози давлат ва насли солим, сарвати бебаҳо ва ояндаи миллат ба шумор рафта, пайваста зери  ғамхории Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.

Имрӯз бо иқдоми неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувваю ғайрат ва имкониятҳои  Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтар намудани шароити зист, нигоҳубин, таъмини ҳифзи саломатӣ, рушд ва тарбияи кӯдакон равона карда шудааст”,-иброз дошт Зулфия Абдусаматзода.

Қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити мусоид барои таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон, аз ҷумла барои рушди бармаҳал ва тарбияи ҳамаҷонибаи онҳо муҳайё гардида, ҳамасола даҳҳо муассисаҳои тандурустии кӯдакона, марказҳои солимгардонӣ ва майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ, аз қабили «Созишнома дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» (с.1993), «Созишнома дар бораи бартараф намудани ҳамаи намудҳои зӯроварӣ нисбат ба занон» эътироф карда шудаанд.Маҳз дар ҳамин марҳилаи таърихӣ баҳри беҳтар намудани дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои вазъи солимии модарону кӯдакон ва паст намудани фавти онҳо як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» (с.2006), «Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2015), «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2024», «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027» ва “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” қабул шуданд, ки онҳо барои устувории заминаи меъёрии ҳуқуқии масъалаҳои ҳифзи солимии модару кӯдакон мусоидат намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 408
  • 1,099
  • 923,620