Ташхиси тиббии ройгон ба 289 нафар зан

Ташхиси тиббии ройгон ба 289 нафар зан
Март 11
12:58 2020

Озмоишгоҳи миллии референсӣ-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар аз 1 то 8 марти соли равон ба тамоми занону духтарони мамлакат ташхиси се намуд кандидоз-албиканс, глабрата, круз, хун барои уфунат ва гепатити В-ро  ба таври ройгон ба роҳ монд.

Тавре аз озмоишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, дар доираи иқдоми мазкур ба 289 нафар занони муроҷиатнамуда ташхисҳои зикргардида ба таври ройгон расонида шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки озмоишгоҳи мазкур бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз 1 то 21 марти соли равон  тамоми шаҳрвандони мамлакатро ба ташхиси ройгон  барои муайян кардани  қанд,  се намуд кандидоз-албиканс, глабрата, круз ва гепатити В  фаро хоҳад гирифт.

Хоҳишманон метавонанд наҳорӣ накарда, аз соати 8-и субҳ то то 11-и рӯз ба озмоишгоҳи мазкур муроҷиат  намоянд. Суроға: шаҳри Душанбе, шаҳраки Шифобахш (Қараболо).

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 237
  • 1,263
  • 841,986