Тасдиқ шудани 15 ҳодисаи бемории сироятии коронавируси нави CОVID-19

Тасдиқ шудани 15 ҳодисаи  бемории сироятии коронавируси нави CОVID-19
Апрел 30
14:44 2020

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 29-уми апрели соли 2020 дар кишвар 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавируси нави CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 (даҳ) ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 (панҷ) ҳодиса аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамзамон, вазорат иттилоъ медиҳад, ки шўруъ аз 1 феврал то субҳи рӯзи 30 апрели соли ҷорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаяйн ва ошкорсозии сирояти коронавирус 10937 нафар шаҳрвандони дохилию хориҷӣ ба карантин фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора то имрўз 8438 нафар дар ҳолати муътадил ва солим ба хона ҷавоб дода шудаанд.

Айни ҳол дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 нафар таҳти муоина ва назорати табибон қарор доранд. Дар таърихи 29-уми апрели соли 2020 аз муассисаҳои тиббӣ 304 нафар ҷавоб дода шудааст.

Ин масъалаҳо имрӯз дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-ковид-19, ки таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Инчунин, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус ( CОVID-19) барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аз худ шудани барномаҳои таълимӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд. Имтиҳоноти тобистонаи ин донишҷуён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад.

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти интиҳоноти давлатии хатм то 15-уми майи соли 2020 пешбинӣ шудааст.

Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳамчунин бинобар ҳатмӣ будани истифодаи ниқобҳои тиббӣ барои аҳолӣ қарор қабул кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,059
  • 1,294
  • 882,662