ҶОНФИДОИ БАҚОИ МИЛЛАТ. Расо 82 сол муқаддам, 8 июли соли 1937 Нусратулло Махсум дар Москва ба ҳабс гирифта шуд, пас аз ду моҳи дигар нисбати ӯ ҳукми қатл содир гардид…

«Барои бақову ҳастии миллат, эҳёи давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, озодиву адолат ва ҳақиқати таърихии халқи тоҷик хизмати Нусратулло Махсум низ басо назаррас аст».

Эмомалӣ Раҳмон

 Расо 83 сол муқаддам, 8 июли соли 1937 яке аз фазандони сарсупурдаи миллати тоҷик Нусратулло Махсумро дар Москва ба ҳабс гирифтанд, пас ду моҳ нисбати ӯ ҳукми  ҷазои олӣ  содир гардид ва 1 ноябри ҳамон сол ба қатл расонида шуд… Зиндагиномаи ин марди шариф барои ҳар як сокини кишварамон намунаи ибрат аст. Имрӯз мо дар сомона бо нашри очерки мухтасари ҳамкорамон дар бораи Нусратулло Махсум бахши нав «РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ»-ро   ифититоҳ менамоем.

…Фоҷиаҳои солҳои 30-юми асри ХХ риққатборанд. Ба гардиши гирдоби пурталотуми он замонҳои мудҳиш, ки ҷомеаи Тоҷикистонро низ, мутаассифона, фаро гирифта буд, бадхоҳони халқи тоҷик мусоидат мекарданд. Дар фурсати муносибе, вақте ки сели зиёикуши шӯравӣ пайи маҷроҳои нав буд, душманони миллат ба пушти Нусратулло Махсум – фидоии миллат, фарзанди мубориз ва озодихоҳи халқи тоҷик, абармарди даврон ханҷар заданд.

Мутаассифона, дар ҳама давру замон ҳастанд афроде, ки бо ниҳоди бад ва нотавонбинии худ бори зиндагиро боз ҳам сангинтар месозанд. Дар он солҳо бозори бадхоҳон ниҳоят гарм буд.

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев Нусратулло) дар оилаи деҳқони камбағал дар ноҳияи Ғарм таваллуд шудааст. Волидайни ӯ маълумоти динӣ доштанд, бахусус модараш Шарифмо, ба нақли ҳолдонҳо, зани аз лиҳози динӣ босавод, шеърдӯст ва ҳатто бедилшинос низ ривоят шуда, дар саводи ибтидоӣ гирифтани Нусратулло саҳми босазои худро гузоштааст. Яке аз сабабҳои «Махсум» мулаққаб шудани ӯ низ дар ҳамин мебошад. Бинобар вазъи бади рӯзгор Нусратулло аз синни навҷавонӣ бо иддае аз ҳамдеҳагонаш барои таъмини оила ба шаҳрҳои Қӯқанду Фарғона сафар карда, дар он ҷо ба шуғли ҳаммолӣ пардохта, рӯзгори хешро пеш мебурд. Зиндагӣ ва фаъолият дар шаҳрҳои бузург ба ҳаёти Нусратуллои навҷавон таъсири амиқ гузошт. Ӯ пайваста бо одамони гуногунсоҳаи қишрҳои мухталифи ҷомеа дар тамос мешуд.

Муоширати зиёд дар шаҳрҳои гуногунмиллат ба забономӯзии Нусратулло низ таъсир гузошт ва ӯ забони гуфтугӯии ӯзбекӣ ва русиро аз бар намуд. Ҳамчунин мавҷи корпартоиҳо ва эътирозҳоро бо чашми худ дида,  рӯз то рӯз нисбат ба ҷомеа диди тозатар пайдо мекард. Бо афкору ақидаи пешқадам ба зодгоҳаш баргашта, ҷодаи сиёсатро интихоб кард. Фаъолияти худро аз раисии Кумитаи инқилобии ноҳияи Ғарм сар карда, бинобар меҳнати софдилонаву қалби покаш то зинаҳои баланди роҳбарӣ, яъне раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҷумҳурӣ расид.

Ба меҳнати содиқонаи шабонарӯзии Нусратулло Махсум меҳри беандоза нисбат ба Ватану миллат неруи тоза мебахшид. Дар тамоми ҷодаҳои созандагии кишвар саҳмгузор буд. Вале нотавонбинон ва душманони миллат пешравии назарраси зеҳнӣ, азму иродаи бемисли ӯро дида натавониста, пайи аз байн бардоштанаш гардиданд. Он солҳо ӯ дар Москва дар Академияи нақшавии Иттиҳоди шӯравӣ ҳамчун шунаванда таҳсил мекард. Ҳангоми таҳсил Нусратулло Махсум нақша дошт, ки аз фурсати муносиб, яъне аз мавқеи марказ истифода бурда, баҳри ватану миллати хеш корҳои хайреро анҷом диҳад, вале маълумоти бардурӯғе, ки ҳамарӯза даста-даста аз душманони дӯстнамояш ба марказ ворид мешуданд, оҳиста-оҳиста ӯро ба вартаи нобудӣ кашиданд. Соли 1937 Нусратулло Махсум бо ҷурми бурдани корҳои зиддиинқилобӣ ба ҳабс гирифта шуд. 

Рӯзҳои охирине, ки Нусратулло Махсум дар зиндон ба сар мебурд, гарчи хоби ороме ҳам надошт, ҳамеша деҳи худро дар хоб медид. Айёми бачагӣ. Гӯё мӯйсафеде мехоҳад ба ӯ — навраси 10-12-солае кумак расонад… Гоҳ ӯро аз ҷӯе мегузаронид, гоҳо дасташро гирифта, роҳеро ба ӯ нишон медод, гоҳи дигар, гӯё дар баландие дармондаасту ҳамон мӯйсафед барои ба поён фуромадан ба ӯ мадад мекунад. Шабе набуд, ки волидайнаш ба хобаш надароянд ва дар он хобҳои гоҳ орому баъзан мушавваш Нусратулло солҳои кӯдакиашро медид…

Ин хобҳои кӯтоҳ умедбахш буданд. Нусратулло умедвор буд, ки ҳатман нафаре пайдо мешаваду  барои сиёҳро аз сафед ҷудо кардан ба ӯ кумак мекунад. Охир ӯ дар назди виҷдонаш пок буд, итминони комил дошт, ки солҳои сол дар назди халқу Ватан содиқона хизмат кардааст ва роҳи тайкардааш поку беолоиш аст. Вале ҳатто таъбирҳо низ дар пеши террори замон оҷиз буданд. Ӯ ба ёди тифли навзодаш Музаффар, ки ҳанӯз нафаси падарро дар чеҳраи маъсумаш эҳсос накарда буд, ашк мерехт. Ба бӯи тифлонаи ӯ, ки аз беҳтарин неъматҳои табиат медонист, пазмон шуда буд.

Чун ба ёд меовард, ки ин мавҷи бераҳми қурбониҳо беҳтарин ходимони давлатӣ, академикҳо, олимон, шоирон, нависандагон, ҳунарпешагон ва  дигар фаъолонро ба гирдоби худ кашида, нисбат ба онҳо мудҳиштарин ҷазоҳоро раво дидааст, ноумедӣ вуҷудашро фаро мегирифту садҳо суоли беҷавоб мағзашро фишор медод.

Дар утоқи тангу тори шаҳри ғурбат шахсе нишаста буд, ки солиёни зиёд Тоҷикистони навтаъсисро сарварӣ намуда, дар бунёди сохтори сиёсӣ, тақсимоти арзӣ, лоиҳаҳои иқтисодӣ ва дар ҳалли муаммову мушкилоте, ки барои мустақилияти тоҷикон монеа эҷод мекарданд, саҳми босазое гузошта, ниҳоят ба буҳтони ноҳақ гирифтор шуда, дар қалби шӯравӣ барои адолат талош меварзид.

Маъмулан, вақте сардори оиларо ба ҳабс мегирифтанд, баъди чанде маъмурон дубора ба ин хонадони ваҳшатзада омада, аҳли оилаҳои онҳоро низ зиндонӣ мекарданд, дар ҳузури фарзандон манзилҳояшонро мавриди кофтуков қарор медоданд. Атфоли танҳомондаро ба хонаи кӯдакон месупурданд. Хонадони Нусратулло Махсум низ баъди маҳбус шуданаш барои муддате пароканда шуд: ҳамсарашро ҳамчун ҳамсари «миллатчии буржуазӣ» ва «душмани халқ» ба  ҳабс гирифта, кӯдаконро ба ҳар гӯшаву канор ба хонаи бачагон супорида, паҳну парешон карданд.

Нусратулло Махсум аз ин ҳолат хуб огоҳ буд. Яқин медонист, ки мабодо умр вафо накунад, ҳатман рӯзе фаро хоҳад расид, ки шаффофияти кори ӯро таърих собит мекунад, вале оё фарзандонаш бори ин озмоиши сангини ҳаётро таҳаммул мекарда бошанд?

Мунтазири пурсишҳои муфаттишон лаҳза мепоид, фурсати сухан гуфтанро интизорӣ мекашид. Умед дошт, ки ҳатман адолат барқарор мегардад. Аммо, ҳайҳот, суханҳо ногуфтаву сатрҳо нонавишта монданд ва охирин заработи қалби саршор аз муҳаббати Ватан пайи ормонҳои ношикаста хомӯш шуданд.

Он замон хешовандон, шиносҳо, ҳамкорон ва ёру рафиқон аз аҳли оилаи нафароне, ки «душмани халқ» эълон мешуданд, канораҷӯӣ мекарданд, то ба сарашон балое наояд. Аҳли хонаводаи Нусратулло Махсум низ ба чор тарафи шӯравӣ пароканда шуданд.

Фарзанди калонӣ Мунавваршо, ки донишҷӯи пешқадами Донишкадаи омӯзгории шаҳри Москва буд, бо баҳонае аз таҳсил хориҷ карда шуд ва дар ҳолати рӯҳафтодагии шадиде ба деҳаи бобоии худ баргашт. Чун дар деҳот ҳама ба кору бори деҳқонӣ банд буданд ва ба пок будани гузаштагони ӯ шубҳае ҳам надоштанд, Мунавваршо чандон азоби рӯҳӣ намекашид, вале буданд нафароне, ки бо нигоҳҳои маҳкумкунанда ва муносибати соядору сухани беҷо ба ҷароҳати қалби ӯ намак мепошиданд. Пирони деҳ ӯро дилбардорӣ мекарданд ва  таскин мебахшиданд. Шояд он мӯйсафеди хайрхоҳе, ки Нусратулло Махсум дар хоб дида буд, рамзи пирони деҳаашон буд, ки фарзанди дилшикастаи ӯро дилбардорӣ карда, бо умеди эҳёи адолат пайваста дуогӯи ӯ буданд?..

Мунавваршо мутмаин буд, ки падар ҳеҷ гуноҳе надорад. Шахсе, ки барои мустақилияти Тоҷикистон ҷони худро дареғ намедошт ва шабу рӯз ҷоннисорона барои ҳар ваҷаб хоки он талош меварзид, чӣ тавр метавонад ягон амали зиддиинқилобӣ нишон диҳад? Ҳаргиз, на!

Асли воқеа ва маълумоти пурратарро фарзандон аз ёддоштҳои ӯ, ки ба забони русӣ таълиф шуда буданд, дастрас карданд. Аз рӯи нақли духтари Мунавваршо – Раъно Нусратулло:

«Вақте падарамро аз Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Бубнови шаҳри Москва хориҷ  карданд, падарам ба зодгоҳашон баргаштанд ва баъд аз он соли 1948 ба Қазоқистон бадарға шуданд. Падарам дар ёддоштҳояшон навиштаанд: «Ман дар Қазоқистон 7 сол зиндагӣ кардам. Солҳои охир зиндагӣ дар Чулактау беҳтар шуд ва ман ташвишу монеаро намедонистам, ҳатто 2000 сӯм захираву баъзеи чизҳои дигар низ доштам.   Моро аз хобгоҳ гирифта, дар хонаҳои хиштии навсохта ҷой доданд. Ғайр аз ин ман бо як муйсафеди юнонӣ дар як ҳуҷраи кушод ва ду арманӣ Тарас ва Эшхонов дар  дигар ҳуҷра зиндагӣ мекардем. Эшхонов одами куҳансол буд ва ба ӯ зуд-зуд духтараш ҳар хел савғотӣ -мураббои чормағзӣ ва дигар таъомҳои лазизи арманӣ мефиристод.

Капитани Кумитаи давлатии бехатарӣ, ки моро назорат мекард,  одами хуб буд ва ба ман маслиҳат дод, ки ба коллегияи Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди шӯравӣ мактуб нависам. Ман мактубро навишта, ба дасти капитан додам ва шояд ӯ онро ба ҷойи таъйиншуда фиристода буд, ки аввали соли 1954 маро аз макони бадарға озод намуданд».

Пайғоми озодӣ ва лаҳзаҳои ин хабарро шунидани Мунавваршо дар ёддоштҳои ӯ ба таври муфассал оварда шудааст. Аз нақли духтараш Раъно, ӯ то шунидани ин хабар, лаҳзаи хотирмонеро дар ёддоштҳояш қайд намудааст ва онро фоли нек унвон додааст:

«Вақтҳои охир ман дар бригадаи рангзанҳо кор мекардам. Ҳар рӯзи истироҳат ман ба дарёчае, ки дар масофаи 100-200 метр ба тарафи шимоли деҳа ҷорӣ мешуд, мерафтам. Ин дарёча чуқур набуд, то миёни одамро панаҳ мекард. Об  ҳамеша мусаффову ширин буд. Ва ман ин рӯзи истироҳат либосамро кашида шустам ва барои хушк шудан дар зери офтоб мондам ва худам ба об даромада, оббозӣ кардам. Аз об набаромада дидам, ки дар самти чапи соҳил мори хушранги ғалатие дар офтоб гарм шуда истодааст. Ман умуман аз морҳо наметарсам ва бо ду дастам об гирифта, ба ӯ пошидам. Вай ба ҳаво парида, дохили об афтид. Ман тарсида, аз об баромадам ва ҳар қадаре ки нигоҳ кардам, дигар морро надидам. Мор якбора ғайб зад. Сипас, ман либосҳоямро пӯшида, оромона ба хона баргаштам.

Субҳи рӯзи душанбе, вақте ба кор ҳозир шудам, ҳамкоронам ба наздам омада, гуфтанд, ки туро ба комендатура  даъват кардаанд. Ман хавотир шуда, ба комендатура рафтам ва дар он ҷо ду нафар ваколатдор дар даромадгоҳ маро дида, гуфтанд, ки «яхши ангма», яъне хушхабар овардем. Сипас, ман камтар ором шуда, рост ба утоқи муовини сардор даромадам. Ӯ маро ба нишастан таклиф кард ва ба ман қарори Коллегияи Вазорати корҳои дохилиро дар бораи озод шуданам аз ҷойи бадарға супорид. Ҳамин тавр, ман шаҳрванди озод шудам ва баъди яку ним моҳ, дар фасли тобистон ба назди хешовандонам ба ноҳияи Ғарм баргаштам. Ин аст он фоли неке, ки ман дар дарёчаи Чулактау морро дида будам, гарчанде дар урфият морро чун душмани инсон унвон кардаанд».

Аз он ки мувофиқи қонунҳои ҷорӣ ҳаққи парасторӣ кардани хоҳару бародаронашро надошт, хиҷолатзадаву дармонда буд. Бештари вақти худро дар боғчаи назди ҳавлиашон сарф мекард, бо гиёҳу ниҳолҳои он дар суҳбат шуда, ба муаммову суолҳояш посух меҷуст. Пайваста чашмбароҳ буд. Роҳи падарро мепойид, ки раҳнамои зиндагиаш буд. Бехабар аз он ки ҳанӯз  1-уми ноябри  соли 1937 падари бузургвораш  Нусратулло Махсум– сарсупурдаи миллат, шахсе, ки дар баҳсу мунозираҳои марзии Тоҷикистон ширкат варзида, бо ин корҳояш ба худ иддаи зиёди душман харида буд, қатл гардида, ҷони худро қурбони дасисаҳои он замон намуда буд.

ДАР АКС: марқади Нусратулло Махсум дар Москва. Соли марги ӯ саҳван 1935 навишта шудааст.

Солҳо сипарӣ шуданд. Фарзандони Нусратулло Махсум шикасти зиндагиро мардонавор тоб оварда, нангу номусро пойгоҳи азму иродаи худ қарор доданд. Онҳо бо сари хам таҳсил намуда, улуми замонаро фаро гирифта, соҳибмаълумот ва бо меҳнати софдилонаи худ номбардори падар гардиданд.

Анвар Нусратуллоев соли 1936 мактаби ҳарбии Кремлии Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумииттифоқ (КИМУ)-ро хатм намуда, дар ҳайати қӯшунҳои сарҳадии Шарқи Дур хизмати Ватанро адо кардааст. Ӯ дар соли 1940 дар воқеаҳои кӯли Ҳасан ширкати фаъолона дошта, дар яке аз амалиётҳои ҳарбӣ бар зидди фашистон иштирок карда, захмӣ гардид ва дар госпиталҳои ҳарбӣ ҷон супурд.

Махсумова Хосият солҳои зиёд роҳбарии омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Душанберо бар уҳда дошт. Ба унвони «Муаллими хизматнишондодаи мактаби Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Махсумов Акбар Нусратуллоевич — доктори илмҳои кишоварзӣ, академики АИ ҶШС Тоҷикистон, дар мансабҳои  Вазири кишоварзии ҶШС Тоҷикистон, ноиби президенти АИ ҶШС Тоҷикистон, муовини аввали раиси Шӯрои вазирон, ҳамзамон раиси Кумитаи давлатии агросаноатии ҶШС ифои вазифа намуда, хизматҳояш ҳамчун ходими давлатӣ бо ордену медалҳо ва ҷоизаҳои давлатию  илмӣ қадрдонӣ шудааст.

Махсумов Музаффар Нусратуллоевич – олими ситорашинос, доктори илмҳои физика ва риёзиёт умри худро сарфи таҳқиқоти илмӣ намуда, аз соли 1977 то соли 1992 директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Таърих олудагиҳои сунъиро шуста, ҳақиқати нобро рӯи об мебарорад. Бо мурури замон бегуноҳии ин фарзанди фарзонаи миллат собит гардида,  28 декабри соли 1957 бо Қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ва хулосаи Прокурори генералии ИҶШС Нусратулло Махсум бегуноҳ дониста шуд.

Бо қарори раёсати КМ ҲК Тоҷикистон 26 июни соли 1964 узвияти Нусратулло Махсум  дар ҳизб аз нав барқарор карда шуд…

27 июни соли 2006 хизматҳои арзандаи ин фарзанди баруманди миллати тоҷик қадр гардида, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нусратулло Махсум унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Дар ин рӯз, ҳангоми таҷлили   Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт нимпайкараи Нусратулло Махсум  ифтитоҳ гардид.

ДАР АКС: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар расми ифтитоҳи нимпайкараи Нусратулло Махсум дар ноҳияи Рашт.

Зимни суханронӣ дар расми ифтитоҳи нимпайкараи Нусратулло Махсум Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  дар мавриди ҳаёт ва қаҳрамониҳои Нусратулло Махсум ёдовар шуда, аз ҷумла чунин гуфтанд: «Таърих гувоҳ аст, ки асри ХХ барои миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик асри талошу муборизаҳо барои эҳёву барқарорсозии давлат ва асри бедории миллат буд.

Дар вазъияти ниҳоят ҳассосу мушкил дар сафи аввалин фарзандони сарсупурдаи халқи тоҷик ба мубориза бархостани Нусратулло Махсум нишонаи ватандӯсту ватанпарасти асил будани ӯ мебошад. Кӯшишу талошҳои ӯ, пеш аз ҳама, дар ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян гардидани марзу буми имрӯзаи он ва шинохти миллати тоҷик беназир аст.

Дар таърихи худшиносии миллати тоҷик номи чунин фарзандони барӯманд бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, дар хотири мардум абадӣ хоҳад монд.

Дар солҳои дар вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Марказии ҷумҳурӣ фаъолият намудани Нусратулло Махсум дар Тоҷикистон он қадар корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъат ёфта буданд, ки халқи мо садсолаҳои  пешин чунин дигаргунсозиҳоро надида буд.

Дар ин давра, пеш аз ҳама, таъсиси сохторҳои нави идоракунӣ, рушди тамоми соҳаҳо, бунёди роҳҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, созмон додани мактабҳову курсҳои гуногуни касбомӯзӣ, ҷалби занон ба корҳои давлатӣ ва дигар тадбирҳои муассир амалӣ гаштанд. Бо номи ин фарзанди содиқи миллат як давраи томи таърихи халқи тоҷик, як марҳилаи ҳассосу сарнавиштсоз ва бунёдкориҳои азими кишварамон иртиботи қавӣ доранд.

Нусратулло Махсум ба маънои томаш ҷонфидои миллати тоҷик буд. Ба подоши хизматҳои шоиста ва талошҳои худ ҷиҳати эҳёи давлатдории тоҷикон гирифтори тӯҳмату бӯҳтон ва қурбони беадолатиҳои шовинистиву бадхоҳони халқи тоҷик гардид.

Бо бунёди нимпайкараи Нусратулло Махсум мо номи ӯро на танҳо абадӣ мегардонем, балки наслҳои имрӯзу ояндаи миллатро ба он ҳидоят месозем, ки онҳо пайрави чунин мардони ватанпарасти асили халқи  худ гашта, бо эҳсоси амиқи худшиносии миллӣ барои ободиву шукуфоии Ватани азизамон кӯшиш намоянд.

Бигузор зиндагии ин марди  наҷиб ба ҳар яки мову шумо сабақи зиндагӣ ва корномаи ӯ дар рушди давлату миллатамон ва барои дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон намунаи ибрат бошад».

Сарвар АЗИМӢ

 

РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Маҳмудҷон Воҳидов асосгузори театри як актёр дар Тоҷикистон

Имрӯз ба зодрӯзи яке аз ҳунармандони машҳур, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик  Маҳмудҷон Воҳидов 80 сол пур мешавад.

Маҳмудҷон Воҳидов ситораи тобони санъати касбии тоҷик буда, дар тӯли умри кӯтоҳи 38-сола бо ҳунару истеъдоди худ дар дилу дидаи ҳаводорони ин ҳунари воло абадан нақш баст. Нақшҳои офаридаи ӯ дар намоишҳои «Қисмати шоир», «Алломаи Адҳам ва дигарон», «Ромео ва Ҷулйетта», «Муфаттиш», филмҳои ҳунарии «Зумрад», «Ҳасани аробакаш», «Достони Рустам ва Суҳроб», моноспектаклҳои «Гуфтугӯ бо худ» ва ғайраҳо шоҳкориҳои санъати асил буда, ба хазинаи тиллоии фарҳанги миллӣ дохил шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 25 марти соли 2016 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои нави Кохи фарҳангро ба истифода доданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Ашт пешниҳод намуданд, ки Қасри мазкур ба театри касбӣ табдил дода, ба он номи ҳунарманди маъруф Маҳмудҷон Воҳидов гузошта шавад.

«Басо рамзист, ки Кохи фарҳанг дар ҳудуди боғи ба номи ҳунарманди маъруфамон Маҳмудҷон Воҳидов қомат афрохтааст.

Ба андешаи ман, рӯҳи абадзиндаи ин ҳунарманди маъруф ба насли имрӯзаи ҳунармандони ноҳияи Ашт мадад мекунад ва дар оянда аз миёни онҳо низ фидоиёни фарҳанги тоҷик ба камол мерасанд.

Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба хотири абадӣ гардонидани номи ҳунарманди маъруфи халқамон ва ба поси хизматҳои шоёни ӯ Кохи фарҳанг низ ба номи Маҳмудҷон Воҳидов гузошта шавад».

…Моҳи апрели соли 1957, дар рӯзҳои Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва, дар толори консертии ба номи Чайковский ҷавоне бо тоқии чоргулу ҷомаи беқасаб шеърҳои Мирзо Турсунзодаро бо садои ҷарангосиву мутантан ва маҳорати баланд дар бораи сулҳу дӯстӣ хонда, таваҷҷуҳи аҳли толорро ба худ ҷалб кард.

Ин ҷавон узви маҳфили ҳаваскорони бадеии деҳаи Шайдони ноҳияи Ашт Маҳмудҷон Воҳидов буд. Баромади ӯ ба роҳбари бадеии студияи тоҷикии Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи Луначарский, профессор Олга Пижова хеле маъқул шуд. Артисти халқии ҷумҳурӣ Абдусалом Раҳимов зимни суҳбат аз ӯ хоҳиш кард, ки барои қабули Маҳмудҷон ба таври истисно ба ин донишкадаи номдор мусоидат намояд. Сипас, ӯро якбора ба курси 3 — юми шуъбаи тоҷикии донишкада дохил карданд. Вай Донишкадаи давлатии санъати театри Москва (ГИТИС) — ро соли 1960 хатм кард. Солҳои 1960 — 1961 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Камоли  Хуҷандӣ ҳунарнамоӣ кард ва аз соли 1961 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд.

Соли 1973, вақте  ки нақши Рӯдакиро офарид, ҳамагонро ба ваҷд овард.  5 декабри соли 1973 Маҳмудҷон Воҳидов ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардид. Ҳамон сол бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардид. Ҳамчунин барои иштирок дар кинофилми «Достони Рустам» бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шуд.

Ӯ бо овози ширадору ҷолиб,  сеҳрангез ва диди шоирона асосгузори театри як актёр дар Тоҷикистон буд. Маҳмудҷон Воҳидов мураттиб, коргардон ва иҷрокунандаи якчанд намоишҳо, мисли «Гуфтугӯ бо худ» (аз рӯи рубоиёти Умари Хайём, 1967), «Ватан ва фарзандон» (ашъори шоирони Тоҷикистон,1969), «Ишқи зиндагӣ» (ашъори Ҳофиз, 1971) гардида буд. Истеъдоди режиссёрии ӯ дар спектакли «Алломаи Адҳам ва дигарон» — и С. Улуғзода (1976) равшан зоҳир шуд.

 

Маҳмудҷон Воҳидов алифбо ва забони арабиро омӯхт, то рубоиёти  Умари Хайём ва ғазалиёти Ҳофизро ба забони арабӣ хонад. Ӯ бо мақсади санҷиши талаффузаш чанде дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳо, дар ҳузури олимон баромад кард ва сазовори баҳои хуб гардид. Ӯ ҳамзамон ба омӯхтани забони англисӣ машғул шуд, то шеъри оламгири тоҷикӣ – форсиро дар саҳнаҳои пурнуфузтарини дунё ба самъи мардуми Ғарб расонад ва нақши Ҳамлетро бозад.

Ҳунарпеша неруи эҷодиашро дар соҳаи кино низ озмуда, дар ин намуди санъат ҳам мавқеи хоса пайдо кард. Ҳангоми ба ин ҳунар рўй овардани ў давраи пешравии кино тоҷик оғоз ёфта буд. Шодравон М.Воҳидов дар кино нақшҳои Шариф аз филми «Зумрад», Раҷаб аз  «Ҳасани аробакаш», Котиби кумитаи ҳизбӣ аз «Ҷӯра – Саркор», Тӯлод аз «Достони Рустам», Тӯлод аз  «Рустам ва Сӯҳроб», Аҳмади Дониш аз «Ситораи шабистон», Сулаймон аз «Як умр кифоя нест» (Достони пахта), Махдум «Ҳеҷбудагон  ҳар чиз шуданд», Дарвеш аз «Ишқи аввалини Насриддин»-ро офаридааст.

Маҳмудҷон Воҳидов аввалин ва ягона ҳунарпешаест, ки дар кишварҳои  Осиёи Миёна театри як актёрро барпо намуд. Ӯ се намоишро ба ҳайси муаллифи сенария, коргардон ва иҷрокунанда рӯйи саҳна овардааст. Инҳо «Гуфтугӯ бо худ» — мунтахаби   рубоиёти  У.Хайём, «Ватан ва фарзандон» — и мунтахаби ашъори шоирони муосири тоҷик ва «Ишқи зиндагӣ» — мунтахаби ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ буданд.

Соли 1976 намоиши «Гуфтугӯ бо худ» — ро дар театри МХАТ – и шаҳри Москва бо забони русӣ пешкаши тамошобинон карда буд, ки баҳои баландеро сазовор гардид.

М.Воҳидов қувваи ҷозибае дошт, ки бинандаро зуд ба худ ҷалб мекард. Ӯ сар то по истеъдод буд. Ҳунари нақшофарӣ, шеърхонӣ, коргардонӣ сенария ва мақоланависӣ дошт. Мақолаҳои зиёде дар бораи устодон ва таассуроти  сафар иншо кардааст. Бо адибон, хоса бо устод Турсунзода ва Лоиқ, бо сарояндаҳо Одина Ҳошим ва Ҷӯрабек Муродов муносибатҳои қавии ҳамкорӣ  ва ҳамфикрӣ доштааст.

М. Воҳидов бо таҳиягарони барҷастаи тоҷик Борис Кимёгаров, Абдусалом Раҳимов, Тоҳир Собиров, Марворид Қосимова, Суҳбат Ҳомидов ва Анвар Тӯраев ҳамкорӣ карда, симои хешро дар чодари кино барои мо ва ояндагон мерос гузошт.

Нахустин нақше, ки Маҳмудҷон Воҳидов дар кино офаридааст, образи Шариф аз филми ҳунарии «Зумрад»-и таҳиягар Абдусалом Раҳимов мебошад. Филмро соли 1962 таҳия карданд ва он замон Маҳмудҷон 23 сол дошта, нақши шарикдарси Зумрадро офарида, симои ҷавони ситорагарми лоғарпайкар ва зиндадилро чунон олиҷаноб иҷро кардааст, ки кас аз тамошои он лаҳзаҳо таассуроти нек ҳосил мекунад.

Бояд зикр намуд, ки меҳру муҳаббат ба адабиёти классикии тоҷик, ифоданок хондани шеър, ба театр ва киноро дар дили Маҳмудҷон устоди аввалинаш — актёр, режиссёри театру кино, наттоқи барҷаста Абдусалом Раҳимов бедор кард. Сабабгори ба Институти давлатии театрии шаҳри Маскав  дохил шуданаш ҳам  Абдусалом Раҳимов гардид.

Соли 1959 таҳиягари маъруфи кинои тоҷик, Артисти халқии РСС Тоҷикистон Борис Кимёгаров филми ҳунарии «Қисмати шоир»-ро аз рӯи сенарияи С. Улуғзода таҳия карданӣ шуда, барои иҷрои нақши Рӯдакӣ бо вай суҳбат кард. Аммо аз сабаби ҳимояи кори дипломӣ Маҳмудҷон натавонист, ки ин нақшро ба зимма гирад. Борис Кимёгаров бе Маҳмудҷон Воҳидов ба Душанбе баргашт, вале шод буд, ки санъати тоҷикро боз як истеъдоди ҷавон пурра хоҳад кард.

Чаҳор сол пас аз филми ҳунарии «Зумрад» Борис Алексеевич филми нави ҳунарии «Ҳасани аробакаш»-ро таҳия намуда, барои иҷрои яке аз нақшҳо Маҳмудҷонро даъват кард. Вай нақши Раҷаб – шоири ҷавон, комсомоли солҳои сиюмро бо дилгармӣ иҷро кард. Нақши мазкур агарчи эпизодӣ бошад ҳам, вале ба зудӣ дар хотири тамошобинон ҷой гирифт. Махсусан муколамаҳо бо Садаф ва Ҳасан.

Соли 1970 таҳиягари кино Марворид Қосимова дар филми  «Ҷӯра — саркор» иҷрои яке аз нақшҳои асосӣ- котиби райкомро ба Воҳидов месупорад. Маҳмудҷон тавонист, ки симои котибро ба таври ҳаққонӣ нишон диҳад. Аммо Маҳмудҷон дар тасаввури тамошобин тамоман шахсияти дигар буд. То он вақт сенарияе набуд, ки ҳиссиёти олами ботинии Маҳмудҷонро дар экран таҷассум кунад.

Баъдан, Артисти халқии РСС Тоҷикистон Борис Кимёгаров аз рӯи «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ дар филми ҳунарии «Достони Рустам» барои иҷрои нақши Тӯлод Маҳмудҷонро даъват намуд. Ва ба коргардон муяссар шуд, ки истеъдоди волои ҳунарпешаро аз нигоҳи дигар кашф кунад.

Маҳмудҷон Воҳидов образи хаёлии дев – Тӯлодро ба вуҷуд овард, ки он доимо қиёфаи худро тағйир дода, назди Рустами Достон гаҳе чун ҳофизи нобино ва гаҳе пиразани даллола, инчунин мирзою котиб намудор мешавад. Ӯ тавонист, ки ба таври шинохтанашаванда симои воқеии худро дигаргун сохта, ҳар дафъа мафҳуми бадиро таҷассум намояд.

Собиқадории кинои тоҷик Любов Ивановна Қиёмова, ки муҳаррири силсилафилмҳо аз рӯи «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ буд, лаҳзаҳои наворро ба хотир оварда чунин гуфтааст:

«… Вақте ки лаҳзаи Тӯлодро бо ресмон кашидани Рустами аспсаворро ба навор мегирифтем, режиссёр Борис Алексеевич ба дастёрон фармуд, ки Тӯлодро (М. Воҳидовро) пеш аз кашола кардан ба зери баданаш парафин ё ягон чизи мулоим монанд, то пушти Маҳмудҷон захмӣ нашавад. Вале Маҳмудҷон аз ин ғамхории Борис Алексеевич даст кашида гуфт:

— Агар ман ба баданам парафин баста монам, ин саҳнаро табиӣ бозӣ карда наметавонам. Беҳтараш Рустам маро ҳамин хел кашола кунад…».

Баъди навори ин саҳна пойҳои Маҳмудҷон захм бардоштанд ва ӯ чанд муддат табобат гирифт.

Филми ҳунарии «Рустам ва Сӯҳроб» соли 1972 дар Кинофестивали V умумииттифоқии Тбилиси сазовори диплом гардид. Ҳукумати РСС Тоҷикистон ба офарандагони филми бадеии «Достони Рустам» ва «Рустам ва Сӯҳроб», аз ҷумла ба Маҳмудҷон Воҳидов Ҷоизаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакиро сазовор донист.

Маҳорат ва таҷрибаи нақшофарии М. Воҳидов сол то сол такмил меёфт, дар ин миён нақшҳои ҷолиб дар театр, бахусус моноспектаклҳо – «Гуфтугӯ дар танҳоӣ» (аз рӯи рубоиёти Хайём) эҷодиёти Воҳидовро боз ҳам рангинтар намуданд. Акнун ӯро нақшҳои нисбатан ҷиддитар ва орифонаву шоирона, чӣ дар кино ва чӣ дар театр интизор буданд.

Филми ҳунарии «Ситорае дар тирашаб» (режиссёр А. Раҳимов) соли 1973 дар Кинофестивали VI умумииттифоқии Алмаато сазовори диплом шуда, иҷрокунандаи нақши асосӣ — Маҳмудҷон Воҳидов барои офаридани «Беҳтарин нақши мардона» бо дипломи фахрӣ қадр гардид.

Маҳмудҷон Воҳидов тавонист инчунин нақшҳои Олим дар филми ҳунарии «Асрори пайраҳаи гумшуда»-и режиссёр С. Ҳамидов (1974), Сулаймон дар филми ҳунарии «Як умр кам аст»-и режиссёр Б. Кимёгаров (1975), Махдум Ҳоҷӣ дар филми ҳунарии бисёрсериягии телевизионии «Ҳеҷбудагон»-и режиссёр Т. Собиров (1974-1975) ва охирин – дарвеши нобино дар филми ҳунарии «Ишқи нахустини Насриддин»-и режиссёр А. Тӯраев (1977)-ро офарад.

Инчунин симои Ҳаким Фирдавсиро Борис Кимёгаров бисёр мехост, ки Маҳмудҷон Воҳидов офарад. Ба гуфти режиссёр, Маҳмудҷон барои иҷрои нақш аллакай омода буд, аммо афсӯс, ки умр вафо накард.

Даҳ нақше, ки Маҳмудҷон Воҳидов дар кинои тоҷик офарид, ёдгории беназиру бебаҳоянд.

Хотираи ин санъаткори бузург, ки дунёи пурнури андешаю эҳсос, ҳарорати дил, заковати фитрӣ ва истеъдоди беназирашро бе тапиши набзи замон ва қисмати халқу Ватан тасаввур карда наметавонист, ҳеҷ  гоҳ  фаромӯш  нахоҳад шуд ва чун намунаи ибрати ҷавонмардӣ ва олиҳимматӣ  хоҳад монд.

РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Имсол 80-солагии ҳунарманди маъруф, офарандаи нақши Рустами достон Бимбулат Ватаев ба ҷашни 90-солагии кинои тоҷик рост омад

Имсол кинои тоҷик 90-сола шуд. Бояд гуфт, ки дар баробари ҳунарпешагони тоҷик ҳамчунин саҳми ҳунармандони ғайритоҷик, ки муддате дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, дар рушди кинои тоҷик саҳм гузоштаанд, қобили зикр аст. Яке аз ҳунарпешагони шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистонро ватани дуюми худ интихоб карда, дар рушди кинои тоҷик саҳми назаррас гузоштааст, Артисти халқии РАСС Осетияи Шимолӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Бимбулат Ватаев мебошад. Ӯ худро чун ҳунарпешаи боистеъдоди кино дар Тоҷикистон дарёфт ва то вопасин рӯзҳо самимияташро нисбат ба халқи тоҷик нигоҳ дошт. Ҷашни 80-солагии зодрӯзаш ҳам ба 90-солагии кинои тоҷик рост омад.

Бимбулат Ватаев 15 марти соли 1939 дар деҳаи Новый Батакоюрти ноҳияи Правобережнийи РАСС Осетияи Шимолӣ дар оилаи ангишткан ба дунё омадааст. Миллаташ — осетин. Падараш соли 1943 дар ҷанг қаҳрамонона ҳалок мешавад. Бибои ҳафтсола соли 1946 ҳамроҳи модар ба назди холааш ба Тоҷикистон, ба шаҳри Кӯлоб омада, то синфи 8-ум дар яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Кӯлоб мехонад. Ин сабаби он мегардад, ки ӯ урфу одат ва забони тоҷикиро омӯхта, бо забони тоҷикӣ озодона гап занад. Тоҷикистон бо тамоми нозукиҳои худ ҳанӯз аз замони наврасӣ диққати Биборо ба худ ҷалб карда буд.

Соли 1954 боз ба шаҳри Орҷоникидзе бармегардад ва баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳ ду сол дар ҳайати актёрони ёридиҳанда дар Театри давлатии драмавии Осетияи Шимолӣ кор мекунад. Пас аз ду соли кор дар театр ба шаҳри Москва рафта, ба Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Б. В. Шукин дохил шуд. Солҳои таҳсил ва омӯзиш ноаён гузаштанд. Бимбулат омӯзишгоҳро бо баҳои «аъло» хатм кард. Хатмкунандагони омӯзишгоҳро имтиҳони ҷиддӣ дар пеш буд…

Тамошобинони Москва ҳоло ҳам спектакли хатмкунандагони омӯзишгоҳ — «Одами нек аз Сезуан»-ро нағз дар ёд доранд, ки нахустнамоишаш хеле бомуваффақият гузашт. Нақши асосӣ — лётчик Янг Сунро хатмкунандаи омӯзишгоҳ Бимбулат Ватаев тарзе иҷро кард, ки дар мулоқоту суҳбатҳо аз он ёдовар мешуданд.

Соли 1964 хатмкунандагони Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Б. В. Шукин Театри Таганкаро таъсис доданд, вале Бимбулат ба зодгоҳаш Осетияи Шимолӣ баргашт. Ӯро барои кор ба Театри давлатии драмавии шаҳри Орҷоникидзе (солҳои 1964 — 1976) даъват карданд. Дар саҳнаи ин театр вай як силсила нақшҳои романтикӣ офарид.

Баъд аз комёбиҳои филми ҳунарии «Ман бо духтаре вохӯрдам» устод Мирзо Турсунзода дар яке аз суҳбатҳояш бо режиссёр Борис Кимёгаров ба мувофиқа меоянд, ки бояд аз рӯи достони «Ҳасани аробакаш» филми ҳунарӣ офаранд. Устод бо камоли майл ҳамроҳи сенарист Инна Филимонова ба кор шурӯъ намуда, дар муддати кӯтоҳ (соли 1965) сенарияро барои таҳияи филм омода мекунанд.

«Филми навро («Замони осоишта», соли 1965) ба охир расондаму дарк намудам, ки ҳанӯз наметавонам аз он давраҳо ҷудо шавам. Бо тамоми ҳастиям дар  солҳои бистум қарор доштам. Замоне ки тақдири мардуми Осиёро Ҳокимияти Советӣ ҳал мекард. Аз ин рӯ, ман ба достони машҳури Мирзо Турсунзода  «Ҳасани аробакаш» муроҷиат кардам…

Сенарияро Мирзо Турсунзода дар ҳамкорӣ бо кинодраматург Инна Филимонова эҷод карданд», — менависад таҳиягари филм Борис Кимёгаров.

Ниҳоят, банаворгирии филми ҳунарии «Ҳасани аробакаш» дар шаҳрҳои Душанбе ва Исфара оғоз меёбад. Таҳиягар барои иҷрои нақши асосӣ — Ҳасан Бимбулат Ватаевро аз шаҳри Орҷоникидзеи Осетияи Шимолӣ даъват намуд. Дар яке аз рӯзҳои наворгирӣ барои интихоби актёрон устод Мирзо Турсунзода Бимбулат Ватаевро дар нақши Ҳасан дида, аз қиёфа ва бозии мағруронаи актёри осетини тоҷикнамо хеле қаноатманд шуд.

— Ин ҳамон Ҳасан, Ҳасани аробакаши ман!, — гуфта буд шоир, — менависад киношинос Любов Ивановна Қиёмова».

Филми мазкур соли 1966 ба экран баромаду аз тарафи мунаққидони кино ва тамошобинон баҳои баланд гирифт. Бахусус, Ҳасани аробакаш дар иҷрои Бимбулат Ватаев хеле самимӣ ва боварибахш баромад. Ҳасани сода, ошиқ ва мағрур.

Дар филми ҳунарии «Ҳасани аробакаш» аспу ароба ҳамеша ба муқобили мошин гузошта шудааст. Қаҳрамони асосии филм ҳеҷ гоҳ мошинро эътироф намекунад ва аз дидани он асабӣ мешавад.

Таҳиягари филм кӯшидааст, ки муборизаи сохти ҳаёти нав ва кӯҳнаро дар симои Ҳасану аробааш ва мошину ронанда нишон диҳанд. Ба актёр муяссар гардид, ки ҷузъитарин ҳаракат ва характери қаҳрамонашро дар экран ифода карда тавонад. Дар ин филм унсурҳои миллӣ хеле моҳирона истифода шудаанд.

Соли 1966 дар Кинофестивали минтақавии киносозони Осиёи Миёна ва Қазоқистон, ки дар шаҳри Ашқобод доир шуд, филми ҳунарии «Ҳасани аробакаш» сазовори Диплом «Барои беҳтарин образи қаҳрамони халқӣ» ва иҷрокунандаи нақши асосӣ Б. Ватаев бо Диплом «Барои иҷрои беҳтарин нақши мардона» сазовор гардиданд.

Бимбулат Ватаев бо дигар киностудияҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ— Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Москва, Ленинград, Гурҷистон, Украина, Одесса ва ғайра  ҳамкорӣ карда, зиёда аз 30 нақши асосиро офарид. Баъди иҷрои нақши Ҳасани аробакаш Бибо Ватаев дар киностудияи «Тоҷикфилм» якчанд нақши асосӣ бозӣ кард. Шариф аз филми бадеии «Бо амри дил» (режиссёр Б. Кимёгаров, соли 1968), Ғаффор аз «Панҷ нафар дар пайраҳа» (режиссёр М. Маҳмудов, соли 1974), раиси колхоз Саттор Сафаров аз «Як умр кам аст» (режиссёр Б. Кимёгаров, соли 1975), Мурод -ронанда аз «Роҳи сафед» (режиссёр Г. Аразян, соли 1974), Рустам аз филмҳои ҳунарии «Достони Рустам» 1970, «Рустам ва Сӯҳроб» 1972 ва «Достони Сиёвуш», 1976, (режиссёр Борис Кимёгаров), сеҳргар Сулаймон аз «Муки хурдсол» (режиссёр Е. Кимёгарова, соли 1983), Меҳрубон аз «Мухотаб «Қулла» (режиссёр Ю. Азизбоев, соли 1985) аз ҳамон ҷумла мебошанд.

Соли 1970 таҳиягари кино Борис Кимёгаров аз рӯи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ филми бадеии «Достони Рустам»-ро таҳия карда, барои иҷрои нақши Рустами Достон Бимбулат Ватаевро даъват мекунад. Барои Ватаев ин даъват ногаҳонӣ буд. Режиссёр Борис Кимёгаров интихоби актёронро ба нақшҳои муайяншуда чунин ба қалам додааст:

«…Вале мушкилоти асосие, ки ҳангоми омодагӣ пешорӯйи мо меомад, интихоби актёрон ба нақшҳои асосӣ буд. Рустам барои ҳамаи мо маълум буд, зеро кинодраматург хусусият ва хислатҳои актёриашро ба назар гирифта, ин нақшро махсус барои Бибо Ватаев навишт… Ватаев тавонист, ки симои Рустами баҳодурро боварибахш офарад. Актёр тавонист, ки тамоми зебогӣ ва тавоноии Рустамро ба тамошобини кино нишон диҳад. Гӯё Фирдавсии бузург ин ду мисраъро маҳз пас аз тамошои бозии олиҷаноби Бибо Ватаев дар кино ба қалам дода бошад:

Ҳаме гуфт ҳар кас, ки ин Рустам аст,

Ва ё офтоби сапедадам аст…

Бад — он бозуву ёлу он қадду шоҳ,

Миён чун қалам, синаву бар фарох.

Ду ронаш чу рони хаюнон ситабр,

Дили шеру неруи бабру хижабр.

Бад — ин хуб рӯю бад — ин фарру ёл,

Ба гетӣ набошад кас ӯро ҳамол…

Баъди як соли ба экран баромадани филми бадеии «Достони Рустам» ба наворгирии филми дувум — «Рустам ва Сӯҳроб» оғоз ёфт. Ин дафъа Ватаев нақши Рустами Дастонро тамоман барҷастатар иҷро кард. Эҷодкорони киногурӯҳи «Рустам ва Сӯҳроб» нақл мекунанд, ки ҳангоми банаворгирии филм дар павилёнҳои киностудияи «Тоҷикфилм» Бибо Ватаев чунон ба симои Рустам ворид шуда, онро тарзе иҷро кард, ки ҳатто равшанидиҳандагон, ки мебоист баъди ним соат дастгоҳҳои тафсони нурафкани худро дам диҳанд, аз танаффус даст кашиданд. Зеро бозии пуртаъсир ва табиии Бимбулат Ватаев диққату таваҷҷуҳи ҳамаро ба худ ҷалб кард.

 

Ҳангоми банаворгирии «Ҷанги Рустам бо Сӯҳроб» дар мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод мардуми зиёди таҳҷоӣ ҷамъ шуда, шоҳиди лаҳзаҳои ҳассос — куштани писар аз дасти падар шуданд. Ҳангоме ки Рустам бо корд ба синаи Сӯҳроб мезанаду баъд медонад, ки писарашро куштааст, додзанон гирди писар мечархад, аксари ҳозирон ва сокинони маҳаллӣ, ҳатто режиссёр шашқатор  гиристанд. Аз доди ҷонкоҳи Рустами Ватаев аспҳо ҳам тӯрида, ба ҳар тараф гурехтанд.

Филми бадеии «Рустам ва Сӯҳроб» соли 1972 дар Кинофестивали V умумииттифоқии шаҳри Тбилиси сазовори ҷоиза «Барои инъикоси қаҳрамони эпоси халқӣ» гардид. Ба иҷрокунандаи нақши Рустам — Бимбулат Ватаев Дипломи кинофестивал «Барои саҳми арзанда дар инкишофи санъати драмавӣ дар экран» супорида шуд.

Ин филм бе муболиға ба Бимбулат Ватаев шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Филм дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, Аврупо, Америка ва дар кишварҳои Шарқи Араб намоиш дода шуд. Ҳамон солҳо дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо дар бораи филм ва иҷрокунандаи нақши асосии он мақолаҳои зиёде нашр карда шуданд.

Ҳукумати РСС Тоҷикистон соли 1972 дар қатори дигар офарандагони филм актёр Бимбулат Ватаевро сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ донист.

Артисти халқии РСС Тоҷикистон Борис Кимёгаров Бимбулат Ватаевро на танҳо чун актёри боистеъдод, балки чун фарзандаш дӯст медошт.

Ниҳоят, филми савуми таҳиягари кино Б. Кимёгаров «Достони Сиёвуш» (аз рӯи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) ба экрани кинои советӣ баромад. Ин навбат актёр Ватаев Рустамро тарзе офарид, ки шукӯҳу шаҳоматаш аз ду филми пештара боз ҳам таъсирбахштар баромад.

Филми бадеии «Достони Сиёвуш» низ дар Кинофестивали байналхалқии мамлакатҳои Осиё, Африқо ва Америкаи Лотинӣ, ки соли 1978 дар шаҳри Тошканд бозгузор гардид, сазовори диплом шуд. Режиссёри филм Борис Кимёгаров соли 1977 дар Кинофестивали X умумииттифоқии шаҳри Рига бо Ҷоиза барои «Беҳтарин кори режиссёрӣ дар таҳияи филми мураккаб» ва Ҷоизаи «Барои беҳтарин ороиш ва декоратсияҳо» ба рассомони таҳиягар Шавкат Абдусаломов ва Леонид Шпонко супорида шуданд. Дар комёбиҳои силсилафилмҳои Б. Кимёгаров аз рӯйи «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, албатта, саҳму хизмати Бимбулат Ватаев хеле калон буд.

Соли 1975 дар шаҳри Кишинёв Кинофестивали VIII умумииттифоқӣ барпо гардид. Ду филми бадеӣ бо иштироки Бимбулат Ватаев — «Як умр кам аст» (истеҳсоли «Тоҷикфилм» режиссёр Б. Кимёгаров, 1974) ва «Абӯрайҳони Берунӣ» режиссёр Ш. Аббосов, «Ӯзбекфилм», 1975) намоиш дода шуданд. Аъзои жюрии кинофестивал якдилона ба актёр Б. Ватаев барои иҷрои нақшҳои асосӣ дар филмҳои зикршуда «Дипломи фахрӣ»-и Кинофестивали VIII умумииттифоқии Кишинёвро тақдим намуданд.

Барои хизматҳои арзанда Бимбулат Ватаев бо унвонҳои Артисти халқии РАСС Осетияи Шимолӣ, Артисти халқии РСФСР, ордени «Дӯстӣ» (1991)-и Федератсияи Россия, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҷоизаҳои давлатии Осетияи Шимолӣ ба номи Л. Хетагуров ва В. Тхапсаев, Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (1967) ва унвони ифтихории «Инсон — сарвати бебаҳои ҷомеаи Россия» сарфароз гардидааст.

Солҳои 1992 — 1994 ӯ роҳбари бадеии Театри давлатии драмавии шаҳри Владикавказ ва солҳои 1994 — 1998 дар мансаби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ — Алания кор кард.

Бахшида ба 65-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизми Германия 8 майи соли 2000 дар шаҳри Владикавказ консерти ботантана доир гардид. Роҳбарии ин чорабинии фарҳангӣ бар уҳдаи роҳбари бадеии театр Бимбулат Ватаев буд. Субҳи 9 майи соли 2000 аҳволаш бад шуда, аз дарди дил шикоят кард. Мошини «Ёрии таъҷилӣ»-ро даъват карданд, аммо дорую дармон дигар фоида набахшид. Дар Рӯзи Ғалаба ва дар синни 61 Рустам — Бимбулат Ватаеви номдору номвар вафот кард.

Оромгоҳи ин актёри бузург, дар гулгашти ифтихории шахсони обрӯманд ва машҳури осетин — Боғи Ғалабаи шаҳри Владикавказ воқеъ аст. Вале дар Тоҷикистон ӯ дар қалби мардум ҷой дорад ва офаридаҳояш дар экранҳои кинои тоҷик ҷовидонанд.

РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Барои бақову ҳастии миллати тоҷик ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ хизмати Чинор Имомов низ назаррас аст

  Имсол ба зодрӯзи Чинор Имомов, ки яке аз роҳбарон ва фаъолони ҳаёти сиёсию ҷамъиятии Тоҷикистон дар солҳои 1920 – 1930 – ум, фарзанди ҷоннисор ва содиқи Ватан, оне, ки дар он рӯзгори пурошӯб ва оғози таҳаввулот дар ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун шамъ сӯхтаю ба дигарон рӯшноӣ бахшидааст, 121 сол пур шуд.

Зиндагӣ ва кору пайкори яке аз шахсиятҳои сиёсии Тоҷикистон Чинор Имомов, ки номаш дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ва сарчашмаҳои дигар ҳамвора дар канори номи фарзандони дигари бошарафи тоҷик, монанди қаҳрамонони Тоҷикистон – Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум қарор дорад, саросар ибратомӯз ва омӯхтанӣ аст. Ҳаётест оганда аз талошу такопӯ ба хотири пешравии ҷамъият, барқарор кардани сохти муназзами зиндагӣ ва фароҳам овардани замина барои ояндаи дурахшон ва ва бо саодати мардум. Ин нукот қатрае доир ба шахсияти яке аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ходими ҷамъиятиву давлатӣ Чинор Имомов аст, ки дар китоби тозанашри «Чинори миллат» дарҷ шудааст. Китоби мазкур ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ бахшида шуда, муаллифи китоб узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Боймурод Шоев мебошад.

Саҳми арзандаи Чинор Имомовро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, дар баробари дигар ходимони давлативу ҷамъиятӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд. Аз ҷумла, зимни суханронӣ ба муносибати 80-солагии пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе (20.11.2004) Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Дар натиҷаи кӯшишу талошҳои назарраси бисёр ходимони давлативу сиёсӣ ва илмиву фарҳангии тоҷик, аз ҷумла Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Чинор Имомов, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва бисёр дигарон ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ба маҷрои нави тараққиёт ворид шуд».

«Имомов Чинор (Очилдӣ) соли 1898 дар оилаи камбағал, дар деҳаи Зебони Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1911 дар мактаби маҳаллаи русии Самарқанд хондааст. Баъди хатми омўзишгоҳи ибтидоии олии чорсинфаи Самарқанд (соли 1917) Имомов роҳи муборизаро пеш гирифт ва ғалабаи Инқилоби Октябрро бо хурсандӣ истиқбол кард. Ў ходими ҳизбӣ ва давлатӣ буд. Аз соли 1918 аъзои КПСС буд.

Соли 1918 котиби ташкилоти «Иттифоқи меҳнаткашони мусулмон» мешавад ва дар байни аҳолии маҳаллӣ марксизмро пропаганда мекунад. Соли 1918 раиси кумитаи инқилобии Ўротеппа (имрӯза Истаравшан), баъдтар раиси кумитаи ҳизби коммунисти уезди Ўротеппа интихоб мешавад.

Солҳои 1920-1922 раиси кумитаҳои ҳизбию уездии шаҳрии Ҷиззах ва Самарқанд, соли 1923 ҷонишини якуми раиси КМН ва КХ ИКД-и РАСС Туркистон буд.

Имомов дар ташкил намудани аввалин нашрияи шӯравии  тоҷик «Овози тоҷик» (1924) ҳиссаи калон гузоштааст. Соли 1924 котиби Бюрои ҳизбии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон, котиби масъули Бюрои ташкилии ПК (б) Ўзбекистон дар РАСС Тоҷикистон буд. Солҳои 1928-1930 дар Донишгоҳи   Коммунистии Ленинград таҳсил кардааст. Солҳои 1924-1928 аъзои Бюрои Осиёмиёнагии КМ ВКП(б), аъзои КМ ва Бюрои КМ ПК(б) Ўзбекистон, солҳои 1930-1935 комиссари маорифи халқ, комиссари халқии тандурустӣ, комиссари халқии адлияи РСС Тоҷикистон, соли 1935 котиби масъули КИМ-и республика, солҳои 1936-1937 мудири корҳои СКХ Тоҷикистон, солҳои 1930-1937 аъзои Бюрои КМ ПК(б) Тоҷикистон, аъзои КИМ-и Тоҷикистон, Ўзбекистон ва СССР интихоб гардидааст. Чинор Имомов соли 1939 аз олам чашм пўшидааст», — омадааст дар Энсиклопедияи советии тоҷик. –  Душанбе, 1980. – Ҷ. 2. – С. 568.

Дар маъхазҳои таърихӣ Чинор Имомов яке аз бунёдгузорони аввалин Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон муаррифӣ мегардад. Бале, Чинор Имомов ҳарчанд умри тӯлоние надидааст, вале дар муддати ин умри кӯтоҳи худ барои таъсиси давлатдории тоҷикон ва нуфузи забони тоҷикӣ корҳои бузургро анҷом додаст. Як нигоҳ ба тарҷумаи ҳол ва номгӯи вазифаҳое, ки Чинор Имомов дар муддати ҳаёташ бар уҳда дошт, баёнгари фаъолияти густурда ва қобилияти баланди ташкилотчигии ӯ мебошад.

Дар китоби «Чинори миллат» дар таҳқиқи рӯзгор ва фаъолияти ин шахси сиёсиву фарҳангӣ ҷанбаҳои муҳими саҳми ӯ дар ташаккули давлатдории тоҷикон ва нуфузи забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

Чинор Имомов, ҳақиқатан ҳам, инсони дорои қобилияти баланди роҳбарӣ ва шахси соҳибфарҳангу номбардори миллат буд. Дар ҳама ҳолат манфиатҳои миллату давлатро аз манфиатҳои шахсӣ боло меҳисобид. Дар он замоне, ки мардуми дигар ба зуҳуроти зиндагӣ бо «чашми охурбин» менагиристанд, ӯ бо чашми охирбин»-и худ муҳимтарин ормонҳои миллиро тарғибу ташвиқ менамуд. Мактуби Чинор Имомов ва Шириншо Шотемур буд, ки масъалаи таъсиси нахустин газетаи тоҷикӣ – «Овози тоҷик» дар он садо дод. Муаллифони нома дар мавриди нуфузи зиёд доштани мардуми тоҷик сухан ронда, зарурати таъсиси газетаро бо забони тоҷикӣ таъкид карда буданд. Таъсиси рӯзномаи мазкур ба инкишофи забони тоҷикӣ ва муттаҳид сохтани миллат таъсири амиқ мегузошт.

Чинор Имомов дар байни аҳли илму адаб низ ҳамчун шахси фарҳангдӯст ва тарғибгари адабиёти ҳазорсолаи тоҷику форс маҳбубияти хос дошт. Беҳуда нест, ки Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Раҳим Ҳошим ва дигарон Чинор Имомовро чун яке аз симоҳои фаъол ва намоёни ҷумҳурӣ эҳтиром мекарданд. Маҷмӯаи нахустини шеърҳои Лоҳутӣ «Адабиёти сурх» маҳз бо пешгуфтори Чинор Имомов нашр гардида буд.

Чинор Имомов ҳамчун ташкилотчии моҳир барои тайёр кардани кадрҳои маҳаллӣ дар кори мубориза бар зидди босмачиён ва контреволютсионерон, барои ташкил намудани республикаи мустақили халқи тоҷик бо номи Тоҷикистон, барои барқарор ва рушди хоҷагии халқ ва мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо дар Осиёи Миёна саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ дар ҳайати комиссияи марказии тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Марказӣ шомил шуда, зидди миллатчиён, ки мавҷудияти тоҷиконро инкор мекарданд, рӯйирост ва хеле ҷасурона мубориза мебарад. Дар масъалаҳои миллӣ, бахусус забони бою ғанӣ доштани халқи тоҷик дар саҳифаҳои рӯзномаҳо баромад намуда, дар нашри китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» саҳм гузоштааст. 26 ноябри соли 1924 дар таърихи миллати тоҷик ва тоҷикистониён аввалин ҳукумати халқи тоҷик-Комитети револютсионии РАСС Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки дар ҳайати роҳбарии он Чинор Имомов ҳам буд. Чинор Имомов аввалин котиби масъули ташкилоти ПК Тоҷикистон (1924) ва аввалин сарвари комунистони Тоҷикистон  маҳсуб мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки Чинор Имомов аз зумраи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик буд, ки солҳои 20-уми асри гузашта бо ҳамсафони худ ҳамеша арзишҳо ва масъалаҳои миллиро боло мегузошт, то ки давлатдории тоҷиконро то ба мақоми Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон расонанд. Родмардони халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Чинор Имомов ва ғайраҳо бо талошҳои пайваста ба ин ҳадафи олӣ даст ёфтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар бораи фаъолияти сиёсиву ҷамъиятии Нусратулло Махсум ибрози назар ва чунин зикр намуда буданд: «Мо — наслҳои имрӯза кӯшишу талошҳои фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик, аз ҷумла яке аз симоҳои барҷастаи сиёсиву давлатии ибтидои асри гузашта Нусратулло Махсумро дар қатори нахустин роҳбарони мамлакатамон барои ҳамчун ҷумҳурӣ ташаккул ёфтани Тоҷикистон хизматҳои арзанда кардааст, ба таври шоиста қадршиносӣ мекунем. Зеро дар он замони пуртаззод марзу буми имрӯзаи Тоҷикистон бо ҷасорати шахсиву сиёсии Садриддин Айнӣ ва талошҳои пайгиронаи Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллати тоҷик ҳамчун ҷумҳурӣ муайян карда шуд».

Бо такя ба ин гуфтаҳо ва хизматҳои Чинор Имомов меарзад, ки ӯ ҳамчун шахсияти сиёсиву ҷамъиятӣ, ки барои халқи тоҷик хизматҳои шоён кардааст, бо унвонҳои олӣ қадрдонӣ гардад.

Мутаасссифона, бо тӯҳматҳои бадхоҳону нотавонбинон соли 1937 Чинор Имомов бо қарори Колегияи ҳарбии Суди олии ИҶШС ба қатл ҳукм мешавад. Соли 1957 ин шахсияти сиёсию ҷамъиятӣ ва арбоби давлатӣ бо қарори Прокуратураи генералии ИҶШС сафед ва ба сафи ҳизб барқарор  мегардад…

 

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 866
  • 989
  • 887,231