Ҷамолиддин Абдуллозода: «Табобати беморони гирифтори коронавируси нави COVID-19 пурра ройгон аст»

Ҷамолиддин Абдуллозода: «Табобати беморони гирифтори коронавируси нави COVID-19 пурра ройгон аст»
Май 26
12:53 2020

Имрӯзҳо ҷаҳон гирифтори бемории коронавируси намуди нави COVID-19 буда, табибон сарҷамъона бар зидди он мубориза мебаранд. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз 29 апрели соли равон 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуд. Таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини сар задани пандемияи ҷаҳонӣ корҳои омодагиву пешгирӣ дар саросари мамлакат барои муолиҷаи беморон ва ҳифзи солимии аҳолӣ амалӣ шуда истодаанд. Вобаста ба ташхису табобат ва тадбирҳои андешидашуда бар зидди бемории COVID-19 хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН бо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА ҳамсуҳбат гардид.   

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода, лутфан мегуфтед, ки ҳоло барои  табобати гирифторони  бемории коронавирус оё доруворӣ мерасад? Ташхису табобат дар ҷумҳурӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

Ҷ. Абдуллозода: Бале, имрӯз маводи доруворӣ ва муҳофизатӣ дар мамлакат басанда мебошад. Он маводу дорувориҳое, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ворид мешаванд, ба таври кофӣ захира карда шудаанд. Баъзе муассисаҳое ҳастанд, ки маводу дорувориҳои якмоҳаи худро захира намудаанд.   Назорати тақсимоти маводи доруворӣ пурзӯр гардида, супориш дода шудааст, ки беморон сари вақт бо   дорую давои зарурӣ таъмин карда шаванд. Тақсимоти маводи доруворӣ ба муассисаҳои тандурустӣ зери  назорати бевоситаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дорад.

Такрор мекунам, ки вазорат дар таъмини дору ягон мушкилӣ надорад ва тамоми доруворие, ки дар протоколи табобат  зикр гардидааст, аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ таъмин карда шудааст.

Табобати беморони коронавируси нави COVID-19 пурра ройгон аст. Албатта, баъзе доруҳое ҳастанд, ки аз дорухонаҳо  дастрас карда намешаванд. Тақсимоти дурусти дору ба бемор аз виҷдони ҳар як табиб низ вобастагӣ дорад. Тавре Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ зикр намуданд, «табибон бояд ба савганди касбии худ содиқ бошанд, садоқати худро дар чунин лаҳзаҳои барои давлату мардуми мамлакат душвор исбот намоянд ва фаромӯш насозанд, ки табиб бояд бо беморон муомилаи хуб дошта бошад. Чунки як шарти муҳими табобат забони ширини табиб аст. Мо ба заҳмати шабонарӯзии табибон арҷ мегузорем ва онҳоро, албатта, қадр мекунем…».

АМИТ «Ховар»: Дар кадом ҳолат бояд гирифтори бемории коронавирус дар бемористон бистарӣ шавад?

Ҷ. Абдуллозода: Дар натиҷаи нишондодҳои мутлақ бемор бояд ҳатман дар бемористон бистарӣ карда шавад. Пеш аз он ки бемор дар беморхона бистарӣ шавад, сараввал табибон таъмин будани    хун бо кислородро аз назар мегузаронанд. Дар ҳолати паст будани кислород, аз 38 дараҷа бештар будани ҳарорати бадан ва нафастангӣ бемор бистарӣ карда мешавад. Ҳангоми набудани ин нишондоди мутлақ бемор ба  табобати амбулаторӣ, яъне дар шароити хона, таҳти назорати духтур қарор дода мешавад.

АМИТ «Ховар»: Шумо ба табобати хонагӣ чӣ гуна баҳо дода метавонед, оё он дар мавриди ин вируси хатарнок метавонад натиҷаи мусбат диҳад?

Ҷ. Абдуллозода: Албатта метавонад. Агар дар бемор нишонаҳои мутлақи ин беморӣ ба назар нарасад ва ҳолати ӯ сабуктар бошад, табобати хонагӣ аз табобати статсионарӣ дар беморхона беҳтару бехавфтар аст.  Вақте бемор дар беморхона бистарӣ шуд, дар дили вай хоҳу нохоҳ тарсу воҳимаи беҳуда пайдо мешавад, ки ба ҳолати ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳангоми дар хона зери назорати духтурон табобат гирифтан кас бо андешаи он ки хайрият бемории ӯ вазнин набудааст, ором мешавад.

Аз рӯи таҳлилҳои ҷаҳонӣ, қариб 80-85 фоизи аҳолӣ дар хона табобат мегиранд. Ҳангоми дар хона табобат гирифтан ба бемор доруҳои зиёд  лозим нестанд. Танҳо онҳоро назорат кардан зарур  аст. Антибиотикро бояд танҳо вақти нишона доштан ё заҳролудшавии бадан истифода бурд. Зеро антибиотик  на танҳо   дараҷаи заҳролудшавии организмро, балки масунияти бадани инсонро низ паст мекунад. Аз ин рӯ, агар  одам худроо гирифтори коронавирус гумон карда, дарҳол, бе тавсияи духтур ба истеъмоли антибиотикҳо пардозад, ин дуруст нест.

Ҳоло якчанд омиле мавҷуданд, ки  мо метавонем аз рӯи он нишондоди табобатро муайян кунем.  Омилҳои асосӣ синну соли бемор, доштани бемориҳои ҳамрадиф ва тарсу воҳима (стресс) мебошанд.  Таҷриба нишон дод, ки аксари беморон дар натиҷаи тарсу воҳима ҳолати худро вазнин намудаанд. Зеро онҳо то касалшавӣ ахбори зиёдеро дар бораи  вазъи ин беморӣ дар ҷаҳон хондаву шунида ва то ҷое дар дилашон тарс ҷой гирифтааст. Тарс ва воҳима барангезандаи асосии аксар бемориҳои рӯҳӣ буда, инсон дар натиҷаи таҳлука ва ҳаяҷони шадид метавонад ба бемориҳое мубтало гардад, ки оқибатҳои онҳо аз вируси нав вазнинтаранд.

АМИТ «Ховар»: Феълан барои табобати беморон  чӣ миқдор чойҳои эҳтиётӣ омода шудаанд?

Ҷ. Абдуллозода: Айни ҳол  беш аз 3 ҳазор катҳои эҳтиётӣ тайёр карда шудаанд. Ғайр аз ин дар тамоми беморхонаҳо ҷои хоб мавҷуд буда,  барои қабули беморон омода ҳастанд. Бояд ҳаминро зикр намоям, ки хушбахтона, шумораи беморон кам шуда истодааст. Шумораи  онҳое низ, ки сиҳат шуда, аз беморхонаҳо ҷавоб мешаванд, рӯз аз рӯз  меафзояд.

Дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, ки Пешвои миллат он  ҷо ташриф оварданд, 500 ҷой бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ омода мебошад. Ҳатто маҳсулоти хӯрокӣ ва маводи доруворӣ захира карда шудааст. Дар беморхонаи муваққатии сайёр, ки бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар Варзишгоҳи  «Бофанда» ташкил карда шуд,   350  кат бо тамоми таҷҳизот, ҳатто бо хати кислород омода аст. Дар табобатгоҳи Вазорати мудофиа 75 ҷой мавҷуд буд, ба хотири кам шудани беморон  табибони он ҷоро ба дигар беморхонаҳо сафарбар намудем.  Ҳоло мо кӯшиш намуда истодаем, ки беморони гирифтори коронавирусро бештар дар шаҳраки «Шифобахш», Маркази саломатии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов ва Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бистарӣ намоем, зеро  мутахассисони  ин муассисаҳо дар табобати беморон таҷрибаи хуб ҳосил намуданд. Тибқи таҳлилҳо, шуъбаҳои эҳёи ин беморхонаҳо  хеле хуб фааъолият мекунанд.

АМИТ «Ховар»: Албатта, табибони мо аллакай таҷриба пайдо карданд. Оё сабабу оқибатҳои ин беморӣ аз тарафи мутахассисони шумо таҳлил карда мешаванд? Барои мисол, киҳо бештар ба ин вирус осебпазиранд?

Ҷ. Абдуллозода: Бале, мутахассисони вазорат ва пауҳишгоҳҳои мо пайваста, азх рӯзҳои аввали сар задании пандемия ба таҳқиқу омузиши масалаҳои марбут ба COVID-19 машғуланд. Тибқи мушоҳидаҳои мо фоизи зиёди гирифторони коронавирус  шахсолни аз 40 то 60-сола мебошанд. Яке аз омилҳои асосии гирифторшавӣ ба ин вирус аз иммунитет ва ё масунияти  бадан вобаста аст. Масунияти бадани  одамони ин синну сол  одатан камтар аст, зеро онҳо дар сар фикри зиёд доранд: ғами зиндагӣ, мушкилоти оилавӣ, тақдири фарзандону наберагон ва ғайраву ҳоказо.

Ҳамзамон, аксар нафарони фавтида гирифтори бемории фишорбаландӣ, диабети қанд, дилу рагҳо ва фарбеҳӣ буданд. Вақте ки ҳодисаи фавт мешаваду мо таҳлил мекунем, ҳатман ин нишонаҳо ба чашм мерасанд. Ягон  касе нест, ки дар беморхона бистарӣ шуда, бемориҳои зикршударо надошта бошад. Донишмандонги соҳаи тиб ҳатто муайян сохтаанд, ки гирифторони коронавирус на бар асари ин беморӣ, балки аз бемориҳои музмин мефавтанд. Мо бояд бовар дошта бошем, ки  коронавирус дар сурати набудани дигар бемориҳои музмин, ки ҳолатҳои вазнинкунанда пеш меоранд, табобатшаванда аст.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз ба дақиқияти тестҳое, ки барои муайян кардани COVID-19 гирифта мешаванд, то кадом андоза кафолат дода мешавад?

Ҷ. Абдуллозода: На ҳама вақт тестҳо 100 фоиз ҷавоби боварикунанда медиҳанд. Барои дуруст баромадани тест сараввал бояд он дуруст гирифта шавад. Инчунин дақиқияти он ба интиқол ва ҳарорати дастгоҳ вобастагии зиёд дорад. Ҳангоме ки тест гирифта шуд, он бояд то 75 соат ба дастгоҳ барои муайян кардан гузошта шавад. Вале ҳолатҳое мешаванд, ки дастгоҳ пур аст ва муҳлати ба дастгоҳ гузоштани тест риоя намешавад, ки ин ҳолат метавонад сабаби хато баромадани рақамҳои тест гардад. Тавре воситаҳои ахбори омма иттилоъ мерасонанд, чунин ҳолат дар шифохонаҳои аксари кишварҳои тараққикардаи олам низ рӯй медиҳад.

Аз ин хотир мо тасмим гирифтем, ки дар ҷумҳурӣ шумораи озмоишгоҳҳоро зиёдтар кунем. Ҳоло дар шаҳри Душанбе 5 озмоишгоҳ фаъолият мекунанд, дар назар аст, ки шумораи онҳо боз ҳам зиёд карда шаванд ва  рӯзҳои наздик дар вилоятҳо низ чунин озмоишгоҳҳо ба фаъолият оғоз хоҳанд кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 830
  • 1,168
  • 841,316