Вокуниш ба матолиби сомонаи интернетии “Аkhbor.com” доир ба мақолаи “Дар ин рӯзҳои вазнин маоши табибонро дар ноҳияи Айнӣ ба 300 сомонӣ кам карданд”

Май 29
16:42 2020

Мо кормандони соҳаи тибби ноҳияи Айнӣ вобаста ба матолиби сомонаи интернетии “Аkhbor.com” доир ба  мақолаи     “Дар ин рӯзҳои вазнин маоши табибонро дар ноҳияи Айнӣ ба 300 сомонӣ кам карданд” мутлақо зид буда, иброз медорем, ки дар ноҳияи мо тамоми чорабиниҳои зарурии ташкилӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии пандемияи коронавирус “СOVID-19” ба роҳ монда шудааст. Вобаста ба ин, дар назди Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ  Ситоди доимоамалкунанда бо роҳбарии Раиси ноҳия аз ҳисоби мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуда, ҳамарўза корбарӣ намуда истодаанд.

 Қайд бояд намуд, ки то имрўз аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳиявӣ бо дастгирии бевоситаи раиси ноҳия зиёда аз 426 ҳазор сомонӣ, маблағ ҷудо гардида, барои харидории воситаҳои фардии муҳофизатӣ, маводҳои безараргардонӣ ва  корҷомаҳои муҳофизатӣ  равона гардида маводҳо аз худ карда шуданд. Айни ҳол дар маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия миқдори зарурии маводҳои  безараргардонӣ захира карда шудааст.

Ҳамарўза дар кўчаву хиёбонҳои деҳаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо истифода аз маводҳои кимиёви корҳои безараргардонию профилактикӣ гузаронида шуда истода, инчунин дар ҳамаи хонаводаҳои он шахсоне, ки гумонбар ба бемории коронавирус шуда, дар беморхона бистарӣ шудаанд ва ё фавтидаанд ба пуррагӣ корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда истодааст.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар ин шабу рӯзҳои пурҳассос барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, алалхусус барои тоҷикони азизи мо низ, иғвоангезиву ҳангомакунонии масъала танҳо хоси сомонаи ғаразноки “Аkhbor.com” мебошад. Зеро дастовардҳои дар ин давра  ба дастовардаи табибони моро инҳо дида, роҳ гум кардаанд, чунки онҳо мехостанд ин бемории ҷаҳонро фаро гирифта дар Тоҷикистон дер  давом кунаду, бо гирифтор шудани мардуми тоҷик ба ин маризиҳо бадхоҳони миллат аз берун “лаззат” баранд. Хестед, ки хобед! Ноҷавонмардони дуруя! Миллати сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарири Пешвои муаззамаш аз чандин имтиҳонҳои душвори зиндагӣ гузаштааст ва ин вазниниҳоро низ дар муҳлати кутоҳтарин паси сар хоҳад кард.

Бар мегардем сари мавзӯъ. Дар ноҳияи Айнӣ  29 – бунгоҳи тиббӣ ва 31- марказҳои саломатӣ фаъолият доранд, агар ҳар кадоме аз маоши роҳбарияти муассисаҳои болозикрро мавриди таҳлил қарор диҳем натиҷаи дилхоҳ ва ҷавоби суханҳои бемавриди ҳангомаҷуён пайдо мешавад. Маоши вазифавии кормандони соҳаи тиб аз дараҷаи тахассусӣ вобастагӣ дорад.

Зимнан иттилоъ медиҳем, ки маоши вазифавии мудирони бунгоҳҳои тиббӣ ва сардорони марказҳои саломатӣ аз:

  1. шумораи умумии кормандони бунгоҳ ва марказ;
  2. дараҷаи тахассусии мудири бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ иборатбуда, маоши мудирон  аз 840 то 1277 сомониро ташкил медиҳад, ки ҳармоҳа саривақтӣ пардохт карда мешавад.

 Тавре маълум аст аз  тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба зиёд намудани маоши табибон дар ин рӯзҳои вазнин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда буданд.

Вобаста ба иҷроиши дастуру супоришҳои мазкур дар ноҳияи Айнӣ чораандеши шуда, моҳи охир ба ҳамаи кормадони соҳаи тибби ноҳия маошҳоямон дар вақти муайянгардида пардохт карда шуд. Ҳамзамон вобаста ба дастгирӣ намудани табибоне, ки бо мубориза   бар  зидди вабои аср, бемории сироятии коронавирус (COVID 19) машғул ҳастанд, аз тарафи мақомоти иҷроия ва соҳибкорони саховатманди маҳал пайваста кӯмакҳои моливу моддӣ расонида шуда истодаанд. Дар ин раванд қайд намудан ба маврид аст, ки давоми моҳи шарифи Рамазон ба оилаи табибоне, ки бевосита ба муолиҷаи беморони гирифтори бемории сироятӣ машғул буданд ва муддати муайян ба карантини хонагӣ фаро гирифта шудаанд, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маводҳои ниёзи аввал дастрас карда шуданд.

Оид ба кӯмаке, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба табибони ноҳия ирсол гардида буд инро гуфтани ҳастем, ки кӯмакҳои мазкур аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пурра ва сифатнок ба ҳамаи мо кормандони соҳа ва беморону ниёзмандон тақсим карда дода шуд ва мо аз ин дастгирӣ, ки дар ин шабу рӯз барои мо дастгириву ҳавасмандӣ гардид, минатпазир ҳастем.

Мо табибон маълум менамоем, ки касе аз маоши мо ягон сомонӣ нагирифтааст ва мо маоши худро саривақтӣ пеш аз ҳама гирифта истодааем ва минбаъд низ кушиш ба харҷ медиҳем, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакатро сармашқи кори худ қарор дода, бошарофона барои солимии миллати худ камар мебандем.

Кормандони тибби ноҳия:

Шокирзода Мирзоохон

Гулов Сайёд

Аламова Рудоба

Раҳимов Фотеҳ

Шокирова Меҳринисо

Шамсиев Ансор

Мергандов Абдуфайёз

Худойназаров Шарифбой

Ғаффоров Ғаффур

Азимов Ҳасан

Бердиев Расулбердӣ

Ғаффуров Салоҳиддин…

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 43
  • 1,294
  • 881,646