Ҷамолиддин Абдуллозода: Оморе, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қайд гирифта мешавад, дақиқ аст

Ҷамолиддин Абдуллозода: Оморе, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қайд гирифта мешавад, дақиқ аст
Июл 24
15:24 2020

Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар мавриди гуногунии омори вазорат дар мавриди гирифторони бемории коронавирус ва фавт аз ин беморӣ зикр намуд, ки оморе, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қайд гирифта мешавад,  аниқ ва дақиқ мебошад.

 «Дар марҳилаи имрӯза бемороне, ки мефавтанд, тамоми хешу табор ва ҳамсоя фавти ӯро ба коронавирус вобаста мекунанд. Инҷо сабаби асосии фавти беморонро табибон дар асоси таҳлили таърихи бемор ва хулосабарорӣ муайян мекунанд. Солҳои пеш бемории пневмония ба қайд гирифта мешуд, вале он расонаӣ намегардид. Ҳоло мо дар марҳилаи пандемияи COVID-19, ки имрӯз тамоми дунёро ба ташвиш овардааст, қарор дорем. Ҳар як ҳодисаи фавте, ки дар беморхонаҳо мешавад, ҳатман дар расонаҳои интернетӣ нашр мешавад ва ин боиси сару садоҳои гуногун ва нодуруст баррасӣ кардани омори Вазорат мегардад»,- гуфт Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Ҳамчунин Ҷамолиддин Абдуллозода  иброз дошт, ки тибқи таҳлилҳои мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  аксарияти фавтҳое, ки ба қайд гирифта мешаванд, ин, пеш аз ҳама, ба бемориҳои фишорбаландии ишемикии дил, фарбеҳӣ, бемории қанд ва тарсу ваҳм (стресс) вобастагӣ доранд.  Рӯзҳои аввали бақайдгирии бемории коронавирус тамоми аҳолӣ дар ҳолати тарсу ваҳм қарор дошт ва ин омил сабаби асосии сар задани ориза ва ҳодисаҳои фавт мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,132
  • 1,364
  • 884,099